Дар мактаби таълими умумии рақами 37-и ноҳияи Самарқанд дар арафаи анҷоми соли хониши 2023-2024 бо адиби шинохтаи самарқандӣ Бахтиёри Ҷумъа вохӯрӣ баргузор гардид.
Донишомӯзони синфҳои 11-уми мактаб аз эҷоди нависандаи маҳбуб ҳикояҳои ҳаҷвиро нақл карда, табъи ҳозиринро болида намуданд.
Дар анҷом ба иштирокдорони фаъол китоби «Ҳафт бор афту ҳашт бор хез!»-и адиб бо соядасти муаллиф тақдим гардид.
Дар арафаи анҷоми соли таҳсил донишомӯзони синфи 6-«А» мактаб ба хонадони собиқадори меҳнат Қиём Рӯзиев рафтанд.
Қиём Рӯзиев меҳмононро хуш пазируфта, дар бораи фаъолияти чандинсолаи хеш нақлҳои аҷибро нақл карданд. Саргузаште, ки ин марди рӯзгордида ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ аз сар гузаронида буд, хонандагонро бефарқ нагузошт.
Чорабинии «Занги охирин» низ дар ин мактаб хеле бошукуҳ ҷашн гирифта шуд.
Дар оғоз хонандагон аз хидматҳои шоистаи сарвари мактаб, шодравон Мӯҳсин Болтаев ёд карданд. Ҷонишини директор Ҳилола Норбоева дар бораи саҳми муаллим дар баланд бардоштани нуфузи мактаб дар сатҳи вилоятӣ, беҳсозии сифати таълим, дастовардҳои донишомӯзон, ки сазовори таҳсин аст, ҳарф зад.
Дар охир ба хонандагон ва муаллимони пешқадам тӯҳфа ва ифтихорномаҳо супорида шуд.
Толиб ЮНУСЗОДА
