Ovozi.uz

Ба хатои ҷавонон кӣ ҷавобгар аст?

Агар аз роҳи доноӣ рафта шавад

Ба фазилатҳои инсонии халқи мо, ки дар онҳо тинат, фитрат ва зинати мардумӣ ҷо гардидаанд, ҷаҳон ҳавас мекунад. Мувофиқи натиҷаи тадқиқотҳои олимон, дар асоси маданияти ғарбиён ҳам маданият, маънавият ва тамоюлҳои рӯзгори иҷтимоии кӯҳнаи Шарқ нуҳуфта аст. Дар Ғарб бузургоне, ки дар соҳаҳои гуногун муваффақ шудаанд, зиёданд, вале дар Шарқ аз он ҳам зиёдтаранд. Дар ҳоле, ки ба поси хотираи онҳо ва абадигардонии номи онҳо ислоҳотҳои зиёд нигаронида мешавад, теъдоди шавқмандони ҳаёту роҳи зиндагии онҳо он қадар ҳам зиёд нестанд.
Шахсони арзандае, ки мо бояд дар бораи онҳо ба фарзандонамон нақл кунем, хеле зиёданд. Онҳо дар диёри мо умр ба сар бурдаанд, аз корҳои дар роҳи илм анҷом додаи онҳо бошад, тамоми ҷаҳон дар ҳайрат аст.
Бино ба маълумоти манбаъҳои илмӣ, аз шаш нафар алломае, ки ба тамаддуни ҷаҳон таъсири бузурги худро гузоштаанд, панҷтоашон ҳамватани мо мебошанд. Инҳо Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯнаср Форобӣ, Ал-Хоразмӣ, Аҳмад Фарғонӣ ва шашум Ибни Рушди араб.
Дар диёри мо аввалин Академияи Маъмун (Алӣ ибн Маъмун — дар давраи Хоразмшоҳ) асос гузошта шудааст. Шарқ аз қадим то ба имрӯз макони ҳазорон соҳибони илму ирфон аст.
Дар байни шахсони мо фидоиёни Ватан хеле зиёданд. Лекин теъдоди онҳое, ки ҳамаи қувваи худро барои бисёртар ба даст овардани сарват, бунёди иморатҳо ва гузаронидани тӯйҳои бодабдаба сарф менамоянд, низ кам нестанд. Ба фикри мо, агар сафи онҳое, ки фарзандонашонро ба китобхонӣ даъват мекунанд, ба онҳо китоб харида медиҳанд ва хониши онҳоро назорат мекунанд, боз ҳам васеътар шавад ва ба шуури фарзандонамон иштиёқи донишомӯзиро ҷо намоем, нуран аъло нур мешавад.
Ба онҳо таъкид намоем, ки ба бахту саодат танҳо ба воситаи дониш ноил гаштан мумкин аст.

Ранҷонидан ҳаст, узрпурсӣ нест…

Дар ҳадисҳои шариф ҳам ишора шудааст, ки инсон бояд гармсухану мулоимтабиат бошад. Лекин имрӯзҳо дар ҷойҳои ҷамоатӣ, хусусан дар бозорҳо ҳолатҳои якдигарро дашном додани одамон бисёр мушоҳида мешавад.
Баъзан занҳои фурӯшанда харидоронро талош карда, ё бо сабабҳои дигар якдигарро он гуна дашном медиҳанд, ки шунида, ба гурехтан ҷой мекобед. Дар феъли мардҳо ҳам вазнинӣ нест, ғазаб зиёд аст. Дар истгоҳҳо мусофирон талош ва ҳатто аз занҳои гирду атрофро фаромӯш карда, якдигарро сахт дашному сарзаниш мекунанд.
Пас аз ранҷонидани касе, аз вай узр пурсидан, ҳарчанд душвор бошад ҳам, одати ноёбу нодир аст.
Аҷдодони мо хеле бахшанда буданду ранҷонидани дили касеро гуноҳи азим мешумурданд. Ҳоло баъзеҳо худро замонавӣ ҳисоб карда, ин арзишҳоро фаромӯш мекунанд. Гоҳе агар марди солхӯрдае набераи худро бо ҳамсинну солаш, ки бо ӯ ҷанҷол карда буд, оштӣ доданӣ шавад, зуд падару модари писар зид мебароянд ва писарро меомӯзанд, ки дафъаи дигар ӯро боб карда занад.
Дар натиҷа, дар бача хислати бахшандагӣ не, эҳсоси исён ва нафрати ботинӣ бедор мешавад.
Занозаниҳои оммавии ҷавонон, «самосуд» кардан, тарсондан ба воситаи силоҳи сард, ҳамаи ин магар ба туфайли бедор гаштани ҳисси нафрат дар бачаҳо нест?

Равоншиносро бояд интихоб кард?

Имрӯзҳо психологҳое, ки ба воситаи интернет маслиҳатҳои худро медиҳанд, хеле зиёданд. Аз як ҷиҳат ин хуб ба назар мерасад. Зеро гоҳо дар зиндагӣ воқеаву ҳодисаҳои нохуш рӯй медиҳанд ва одам ба равоншинос ниёз пайдо менамояд. Вале тарафи дигари танга ҳам ҳаст. Психолог барои аз вазъият баромадани мо кадом роҳи мусоидро нишон медиҳад, ҳама гап дар ҳамин аст.
Яке мегӯяд, ки «шиноси ман ба суханони равоншинос амал мекунам гуфта, оқибат аз оилааш ҷудо шуд». Дигаре «шарт аст, психологҳо дар бораи муносибатҳои маҳрамона маслиҳат дода, онҳоро дар интернет гузоранд, ин ба ҷавонон таъсири манфӣ гузошта метавонад», мегӯяд.
Хуллас, имкони интихоби равоншинос нест. Бисёр ҷавонони мо бошанд, ба воситаи интернет маслиҳати дучор омадаро шунидан мегиранд.
Равоншиносҳое ҳам ҳастанд, ки дар бораи асрори расидан ба бахт, халосӣ аз рӯҳафтодагӣ ва бахшандагӣ дарс мегӯянд. Вале баъзеи онҳо «Дар ҳама кор фикри худро маъқул донед!», «Ба худатон баҳои баланд диҳед, танҳо худро дӯст доред!», «Фикрҳои дигаронро, ки дар бораи шумо доранд, ба эътибор нагиред!» барин тавсияҳоро медиҳанд. Агар бештари истифодабарандаҳои интернет ҷавонон буданашонро ба ҳисоб гирем, аз эҳтимол дур нест, ки ин гуна тавсияҳо ба рӯҳияти онҳо таъсири манфӣ мерасонанд.
Агар роҳҳои аз «тарбияи интернет» нигоҳ доштани ҷавонон ва онҳоро ба китобдӯстиву рӯзномаву маҷаллахонӣ ҳидояткунанда пайдо карда шаванд, ин барои ояндаи ҷомеа ҳам натиҷаи зебову арзанда хоҳад буд. Чун дар паси хатоҳои ҷавонон бемасъулиятии калонсолон меистад, ҳоло ба тарбия эътибори бештар додан аҳамияти калон дорад.

Гулчеҳра ҶАМИЛОВА,
журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон