Ovozi.uz

Имтиҳони тирамоҳу зимистон сахт аст

22-юми декабр – рӯзи энергетикҳо

Рӯзҳои фасли зимистон кӯтоҳу шаб­ҳояш дароз аст. 22-юми декабр шаби аз ҳама дарозтарини фасли зимистон аст. Ин шабро шаби Ялдо мегӯянд. Дар чунин шабҳои дароз ҳам ходимони соҳаи барқ хонаву манзилҳои моро равшан мегардонанд. Иди касбии онҳо, яъне Рӯзи энергетикҳо низ дар ҳамин рӯз рост меояд ва бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Дар ҳисоби Ҷамъияти саҳҳомии “Ҳудудий электр тармоқлари”-и вилояти Самарқанд 929 744 (880 877 нафар аҳолӣ ва 48 857 шахсони ҳуқуқӣ) истеъмолгарони барқ ба қайд гирифта шудаанд. Онҳо ба воситаи 142 нимстансия, 12 906 нуқтаи трансформатор ва 30 865,9 километр хатти барқрасон бо қувваи электр таъмин карда мешаванд.
Тайи солҳои охир дар кишварамон дар доираи қарору барномаҳои мухталиф модернизатсия ва навсозии шабакаҳои интиқоли барқ амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2023 дар 459 нуқтаи трансформатор ва 1 313,1 километр системаи электргузаронӣ корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва реконструксия ба амал бароварда шуданд.
Ин гуна корҳо соли равон ҳам мураттаб пеш бурда мешаванд. Аз ҷумла, тибқи қарори рақами 32-юми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи сохтмони массивҳои «Ӯзбекистони Нав» дар соли 2024 дар ноҳияҳои Булунғур ва Ургут 2 адад дастгоҳи тақсимотӣ сохта шуда, 6 адад нуқтаи трансформаторӣ ҷойгир ва ба масофаи 1,2 километр ноқили 10 кВт кашида шуданд. Ин гуна корҳои сохтмонӣ боз идома доранд.
Дар мавсими якуми доираи лоиҳаи «Буҷети ташаббуснок» соли 2024 ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-сметавӣ барои 7 об­ъект, 45,3 километр шабакаи интиқоли барқ ва насби 14 нуқтаи трансформаторӣ амалӣ гардонида шуданд.
Мувофиқи супориши гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар давоми соли 2024 тибқи барномаи «Хонадони обод, кӯчаи обод ва маҳаллаи обод» ба масофаи 104,0 километр хатти интиқоли барқ кашида ва 10 адад трансформатор насб карда шуд. (Давомаш дар саҳ. 2).
(Аввалаш дар саҳ. 1).
Ҳамчунин, аз рӯи қарори Сарвари давлатамон аз 25-уми декабри соли 2023 «Дар бораи чораҳои рушди инфрасохтори иҷтимоию истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2024-2026» бунёди 14,7 километр хатҳои интиқоли барқи 6-10 кВт ва 4 пункти трансформатор сохта шуд. Дар 2 нимстансия корҳои азнавсозӣ ва дар 6 зеристгоҳ корҳои аз нав кашидани хатти интиқоли барқи 35-110 кВт ба масофаи 38,1 километр идома доранд.
Дар асоси қарори махсуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17-уми июли соли 2024 “Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани инфрасохтори маҳаллаҳо дар соли 2024” 44 пункти трансформаторӣ ва 261,6 километр шабакаи интиқоли барқ ба нақша гирифта шуда буд. То ҳол 34 нуқтаи трансформаторӣ ва 4 133 сутуни оҳану бетонӣ гузошта шудааст. 120,3 километр сети интиқоли барқ кашида шуда, боз корҳои сохтмону монтаж давом доранд.
Имрӯзҳо бар асоси фармони рақами 37-уми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (аз 21-уми феврали соли 2024) барномаи сохтмон ва таҷдиди шабакаҳои 0,4-110 кВт, зеристгоҳҳо ва нуқтаҳои трансформаторӣ, барои бунёди 400,1 километр шабакаи интиқоли барқ, 126 адад пунктҳои трансформаторӣ корҳои сохтмону монтаж иҷро карда мешаванд. Ин корҳои сохтмону монтаж то охири соли ҷорӣ анҷом меёбанд.
Барои кормандони соҳаи таъминоти барқ фаслҳои душвортарини сол ин тирамоҳу зимистон аст. Гӯё ин фаслҳо онҳоро аз имтиҳон мегузаронад. Ба ин тайёрии пешакӣ ҳам мебинанд. Аз ҷумла, солҳои 2024 – 2025 дар доираи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон 3 051,8 километр хати интиқоли барқ, 1 243 адад пунктҳои трансформаторӣ аз таъмири мукаммал ва 7 021,9 километр хатти интиқоли барқ ва 2 116 адад трансформатор аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.
Бо мақсади таъмини мунтазаму бефосилаи барқ ва сари вақт пешгирии аварияву ҳодисаҳои қатъгардии қувваи электр чандин адад трансформаторҳои иқтидорҳояш гуногун, 15 километр кабелу сим, 500 дона сутунҳои оҳану бетонӣ, 60,0 тонна равғани трансформатор, 50 адад дастгоҳи автоматии трансформаторҳо, 155 адад ускунаҳои қатъу пайвасткунии барқ ва ғайра захира карда шудааст. Дар ин шабу рӯзҳои фасли зимистон 84 бригадаи таъҷилӣ иборат аз 542 нафар коргарон ва 42 техникаи махсус ташкил гардида, ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои қатъи барқ ва ё садамаҳо доимо ба бартарафсозии онҳо тайёранд.
Дар фасли сардии сол бо мақсади таъмини аҳолӣ ва корхонаҳо бо қувваи электри доимӣ 8 адад трансформатори нав оварда шудааст. Аз онҳо 2-тоаш трансформатори 63,0 МВА ва 6-тоаш 40,0 МВА мебошанд. Дар нимстансияи “Ғарбӣ”-и шаҳри Самарқанд 2 адад ва зеристгоҳи «Мотрид» ҳам 2 адад трансформатори 40,0 МВА гузошта шуданд. Дар зер­истгоҳи “Ишонч”-и ноҳияи Иштихон 2 адад чунин трансформаторҳо гузошта, ба истифода супурда шуданд.
Инчунин, иқтидори подстансияҳои «Сартепа», «Ӯзбекистон», «Шарқӣ» дар шаҳри Самарқанд, «Пай», «Ал-Бухорӣ» дар ноҳияи Пайариқ, «Истиқлол» дар шаҳри Каттақӯрғон, «Ибни Сино» дар ноҳияи Булунғур, «Зарбанд» дар ноҳияи Қӯшработ, «Зармитан», «Адас» дар ноҳияи Тайлоқ зиёд карда шуданд. Бо ин роҳ иқтидори захиравии 240 МВт ба вуҷуд оварда шудааст.
Дар нимстансияи «Афросиёб»-и ноҳияи Самарқанд аввалин трансформатори пуриқтидори 63 МВА, ки ба Самарқанд оварда шуда буд, насб карда шуд. Дар натиҷаи ин гуна корҳои азнавсозӣ иқтидори зеристгоҳҳо зиёд гардида, таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ дар шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои Тайлоқу Самарқанд боз ҳам беҳтар гардиданд.
Ҳоло дар ноҳияҳои Булунғуру Пастдарғам бо мақсади бо қувваи барқ бефосила таъмин намудани хонаводаҳои аҳолӣ корҳои аз нав дида баромадани шабакаҳои мавҷудаи интиқоли барқ ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда шурӯъ шудааст.
Дар ин ноҳияҳо таъмири беруназ­реҷавии шабакаҳои интиқоли барқ, иваз кардани симчӯбҳои корношоям бо сутунҳои оҳану бетонӣ, навсозии изоляторҳои кӯҳна, рангубори нуқтаҳои тақсимоти барқ ва дигар корҳои зарурӣ идома доранд. Ҳамчунин, ба ноҳияи Булунғур 10 нуқтаи нави трансформатории иловагӣ ва зиёда аз 200 сутуни оҳану бетонӣ оварда ва ба кор андохта шудаанд.