Зиёд кардани саҳми ҷавононе, ки ба варзиш бо камоли кордонӣ ва мунтазам машғуланд, ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон мебошад. Имрӯз дар вилояти Самарқанд дар ин бобат корҳои пурсамар амалӣ карда мешаванд.
Бахусус, дар стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» барои ҷамоаҳои яккачини миллӣ такмил додани сохтори омодасозии варзишгарони бомаҳорат ва пуриқтидор, мукаммалсозии сохтори рушди ҳаракати Олимпия ва Паралимпия муайянсозии вазифаҳои махсус низ беҳуда нест.
Умуман, мо бо кадом намуди варзиш машғул шавем, аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дуруст аст, ки варзиш дар тамоми ҷаҳон рамзи ҷавонӣ, шуҷоат ва матонат аст.
Аз ҷумла, ҳайати Ӯзбекистон дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ ва Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ, ки дар чор сол як маротиба доир гардида, соли ҷорӣ дар Фаронса баргузор шуд, бо ширкати шоиста дар ҷаҳон мақоми 13‑умро касб кард.
Дар маросими табрики ғолибони Бозиҳои олимпӣ Президенти муҳтарамамон бо ифтихор қайд намуданд, ки «Ин ҷавонони Ӯзбекистони Нав ба ҷаҳониён нишон доданд, ки ба чӣ корҳо қодиранд ва натиҷаҳои онҳо дар таърихи мо бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт шуданд».
Аз ин рӯ, аввалин бор дар таърихи бозиҳои олимпӣ бонувони ӯзбекистонӣ медали тилло гирифтанд. Ҳамин тариқ, Диёра Келдиёрова, фарзанди Самарқанд рекорди дигар гузошт. Тавре Президентамон қайд намуданд, мо то имрӯз дар дзюдо медали тилло надоштем. Қобили зикр аст, ки ин ҳадафро дзюдочии матини мо Диёра Келдиёрова фатҳ кард.
Воқеан, варзиш рамзи қувват ва ирода аст, ки инсонро ба амали доимӣ водор месозад, ба ҳадафҳои бузург даъват мекунад. Дар ин маврид пирӯзии паралимпиячиёни ҷавони моро дар Бозиҳои 17‑уми тобистонаи паралимпӣ ёдовар шудан кофист.
Дар вохӯрӣ бо варзишгароне, ки шарафи кишварамонро дар Бозиҳои паралимпӣ ҳимоя кардаанд, падару модарон ва мураббиёни онҳо як суханро таъкид карданд: «Имрӯз мо метавонем як ҳақиқатро бо боварии комил бигӯем: Ӯзбекистони Нав мактаби ба худ хоси худро дорад. Агар гӯем, ки шумо офаринандагони аслии ин мактаб ҳастед, дуруст мешавад», — гуфтанд роҳбари давлатамон.
Ҳамчунин, дар ин нишаст гуфта шуд, ки дар оянда ба ҷуз пара-варзиш, ба густариши вусъатноки варзишҳое, ки беморон метавонанд ба он машғул шаванд, аҳамияти хоса дода мешавад.
Бо чунин варзишгароне, ки иқтидори кишварамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд, бояд фахр кунем. Аммо, ба даст овардани ин натиҷаҳо худ аз худ ба амал наомадааст. Дар паси он меҳнати бемунтаҳо истодааст.
Ғайр аз ин, ба воя расондани насли варзишгарони касбӣ, дарёфт намудани истеъдодҳои нав ва ба майдон баровардани онҳо натиҷаи хушсифат ташкил намудани кори селексионии варзиш мебошад. Бо ибтикори Президентамон тасмим гирифта шуд, ки барои дарёфти истеъдодҳои нав дар маҳаллаҳо барномаи махсус ҷорӣ карда, дар асоси интихоби мақсаднок ба озмунҳои байналмилалӣ омода карда шавад.
Мусобиқаҳои спартакиадаи байни ҷавонони маҳаллаҳо дар доираи «Олимпиадаи панҷ ташаббус», иншоотҳои варзишии замонавие, ки дар ҳудудҳои дурдасти вилоятамон сохта мешаванд, идомаи мантиқии ин корҳо мебошанд. Имсол дар марҳилаи ҷумҳуриявии ин мусобиқот ҷавонони самарқандӣ дар тенниси рӯи миз, пара-шоҳмот ва параварзиш ба натиҷаҳои баланд ноил гардиданд.
Майдончаҳои варзишии универсалӣ, толорҳои варзишии замонавии сохти сабук, ки дар ноҳияҳои дурдасти вилоятамон дар асоси озмуни ошкоро ва барномаи сармоягузории Вазорати варзиш ба истифода дода мешаванд, натиҷаи таваҷҷӯҳи баланд ба рушди варзиш мебошад. Аз ҷумла, 11 иншооти варзишӣ то охири соли 2024 сохта, таҷдид ва таъмири куллӣ намуда, 32 майдони варзишӣ бунёд карда мешаванд.
Дар вилоят 4 майдони варзишии «Универсал», 14 майдончаи варзишии «Streetball-Workout» барои ҷавонони ғолиби ҶШМ тавассути платформаи «tashabbus.sport.uz» аз ҳисоби маблағҳои Вазорати варзиш бунёд шуда истодааст.
Агар ба рақамҳо муроҷиат кунем, имрӯз шумораи умумии аҳолии вилоят 4 227 310 нафарро ташкил медиҳад. Синни 1 706 919 нафари онҳо 7–30-сола (аз онҳо 1 139 806 нафар 14–30-сола) аст.
Дар соли 2024 дар 3 431 гурӯҳи мактабҳои варзишӣ 54 729 нафар ҷавонон (аз онҳо 10 181 нафар духтарон) ба қайд гирифта шудаанд.
Аз байни ғолибону ҷоизадорони спартакиадаи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» 4 072 нафар ҷавонони боистеъдод интихоб гардиданд. 28 278 нафар варзишгарон аз санҷишҳои варзишӣ гузаштанд. Мутобиқи нақшаи тақвимии вилоятӣ дар байни ҷавонону сокинон таҳти шиорҳои «Нафаси нав», «Ҳама рекордҳо аз они мо!», «Ба сӯи рекордҳои нав!», «Ҷавонони Ӯзбекистони Нави мо», «Оилаи солим — такягоҳи Ӯзбекистони Нав» чорабиниҳои оммавии варзишӣ гузаронида мешаванд.
То имрӯз барои иштирок намудан дар мусобиқаҳои доираи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» тавассути платформаи 5tashabbus.uz 657 767 нафар ҷавонон ба қайд гирифта шуданд. Иштироки 508 353 нафари онҳо (79 дарсад) таъмин гардид.
Инчунин, то охири сол фаро гирифтани 149 414 нафар дар 3 намуди варзиш (гимнастика, гӯштии миллӣ ва стритбол) дар назар аст.
Ҳоло, дар вилоят умуман аз 1 141 374 нафар ҷавонон 558 858 нафарашон (49 дарсад) ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаро гирифта шудаанд.
Аз соли гузашта сар карда, дар байни аҳолӣ ва ҷавонон сохтори санҷиши варзишии «Дараҷаи омодагии ҷисмонӣ» ба роҳ монда шуд. Қарор дода шудааст, ки ҳар сол аз рӯи 5 соҳа имтиҳонҳои варзишӣ қабул карда шаванд.
Аз инҳо самтҳои яку ду дар байни ҷавонон гузаронида мешавад. Яъне, самти 1 (моҳҳои март — апрел) — байни аҳолии синнашон аз 7 то 17‑сола; самти 2 (моҳҳои апрел — май) — аз аҳолии синнашон аз 18 то 29‑сола қабул карда мешавад. Санҷишҳои варзишӣ дар асоси ихтиёрӣ ва махсус бо назардошти дараҷаи мураккабӣ қабул карда мешаванд.
Васеъ намудани имкониятҳо ва зиёд кардани шавқу ҳаваси ҷавонон ба варзиш дар назди мо вазифаи муҳимтарин аст. Зеро, нақши варзиш дар таҳкими саломатии миллат, ба камолоти ҷисмонӣ, солим ва аз ҷиҳати зеҳнӣ баркамол ба воя расонидани насли наврас беқиёс аст.
Шуҳрат РӮЗИЕВ,
сардори Садорати варзиши вилояти Самарқанд
