Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд А.Бобоев, ки рӯзи душанбе корро аз қабули соҳибкорон дар Садорати вилоятии палатаи савдо ва саноат шурӯъ карда буд, дар давоми ҳафта бо субъектҳои соҳибкории хурду миёнаи вилоят низ вохӯрӣ доир намуд.
— Давлат барои рушди соҳибкорӣ дар кишвари мо, дастгирии ҳамаҷонибаи субъектҳои ин соҳа тамоми шароитро фароҳам меорад, — гуфт А.Бобоев дар оғози вохӯрӣ. — Шумо хуб медонед, ки дар сари ин кор Президентамон истодааст. Сарвари давлат барои боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар кишварамон ташаббусҳои зиёде ба миён гузошта, дар ҳар як маърӯзаю баромад вазифаҳо мегузорад. Мо барои иҷрои ин вазифаҳо тамоми қувваро ба кор мебарем. Шахсан ман ҷонибдори соҳибкорони боинтизом, ботартиб ва ватанпарвар ҳастам ва ҳамеша омодаам онҳоро дастгирӣ кунам. Дигар роҳбарон, ҳокимони шаҳру ноҳияҳоро низ ба ҳамин кор даъват мекунам. Мо ҳамеша тайёрем, ки агар дар коратон муаммоҳое дошта бошед, онҳоро ҳал кунем, ба шумо гӯш диҳем, барои амалӣ намудани таклифу ташаббусҳои шумо имконият фароҳам оварем.
Дар вохӯрӣ соҳибкорон ба ҳокими вилоят вобаста ба муаммоҳое, ки дар фаъолияти корӣ ба миён меоянд ва масъалаҳое, ки ҳалталабанд, муроҷиат карданд. Аз ҷумла, таҳияи ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии объектҳо, ба истифода додан, масъалаҳои меъморию сохтмон, қарз, иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият ва дигар масъалаҳо матраҳ шуданд.
Соҳибкор Алишер Ҷалилов гуфт, ки дар ноҳияи Самарқанд бинои дармонгоҳи тиббӣ барои 165 кат сохта, барои табобати беморони саратон таҷҳизоти муосири табобати радиатсионӣ оварда, тамоми утоқҳоро муҷаҳҳаз кардааст, вале дар гирифтани литсензия ва дигар ҳуҷҷатҳо ба муаммоҳо рӯбарӯ мешавад.
Дар ин бора ҳокими вилоят андешаи масъулонро шунида, барои дар як муддати кӯтоҳ ҳаллу фасли мушкилот супориш дод.
Сармоягузори чинӣ Ван Ҷи Чон дар ноҳияи Иштихон корхонаи истеҳсоли меваи хушкро ифтитоҳ намуда, ба як қатор корхонаҳои истеҳсолкунандаи Чин барои расонидани мавиз, зардолуи хушк ва мош ба маблағи 8 миллион доллари ИМА шартнома бастааст. Аммо наметавонанд содирот кунад, зеро аз Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳо сертификат гирифта наметавонад. А.Бобоев муаммои соҳибкорро гӯш карда, изҳор дошт, ки барои ҳарчи зудтар ҳал гардидани мушкили ӯ дастгирӣ мекунад ва оид ба ин масъала ба масъулони дахлдор супоришҳо дод.
Ҳар як масъала ва муаммои зиёда аз 250 нафар соҳибкор шунида шуда, доир ба ҳалли онҳо ба идора, садорат ва ҳокимиятҳо вазифаҳо супурда шуданд.
Ҳокими вилоят ба роҳбарони тамоми зинаҳо таъкид кард, ки бидуни эҷоди монеа ба субъектҳои соҳибкорӣ ҳарчи бештар кумак расонида шавад.
Муроҷиатҳои соҳибкорон шунида шуданд
