Ovozi.uz

Намояндагони Шӯроҳои маҳаллӣ омӯзонида мешаванд

Дар семинари навбатии омӯзишӣ, ки Сенати Олий Маҷлис барои депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ ташкил кардааст, намояндагони халқии шӯроҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Самарқанд иштирок карданд.

Дар рӯзи аввали семинар вазифаҳои аввалиндараҷае, ки дар суханронии сарвари давлатамон дар маҷлисҳои нахустини палатаҳои Олий Маҷлис муайян карда шуданд ва нақши шӯроҳои маҳаллӣ дар татбиқи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин, дар бораи ҳамкории палатаҳои парламент, хусусан ҳамкории Сенат бо Шӯроҳои маҳаллӣ, мақоми намояндагони Шӯроҳои маҳаллӣ ва кафолатҳои фаъолияти намояндагон маърӯзаҳо баён гардиданд.

Сенати Олий Маҷлис, Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, кормандони масъули вазорату идораҳо, профессорону омӯзгорони Академияи идоракунии давлатӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд ба иштирокчиёни семинар дар бораи дуруст ва самаранок ташкил намудани фаъолияти комиссияҳои доимӣ, гурӯҳҳои партиявӣ ва фаъолияти депутатҳо дар Шӯроҳои намояндагони халқи вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо, ташаккули буҷети маҳаллӣ, ба амал овардани назорати самарабахши депутатӣ аз рӯи иҷрои он, ташаккул, тасдиқ ва иҷрои барномаҳои тараққиёти минтақаҳо маълумоти муфассал доданд.

— Дар маҷлисҳои нахустини Палатаи қонунгузорӣ ва Сенат Президентамон таъкид намуда буд, ки парламент ва шӯроҳои маҳаллии навтаъсис бояд дар асоси нав фаъолият пеш баранд, — гуфт депутати Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд Бадриддин Насриев. — Хусусан, қайд карда шуд, ки Шӯроҳои вилоятии намояндагони халқ, ки як катор ваколатҳои ҳокимияти иҷроия доранд, бояд дар тараққиёти иҷтимоию иқтисодии вилоят фаъолона иштирок кунанд. Дар семинар асосҳои ҳуқуқии ин ҷиҳат ва механизмҳои ба амал баровардани фаъолияти назорат фаҳмонда дода шуд, ки барои депутатҳо фоиданок аст.

УзА