Расонаҳо навиштаанд, ки ҲАМОС ва Исроил пас аз 15 моҳи ҷанг дар Ғазза барои поён додани он ва озодии гаравгонҳо созиш кардаанд.
Ба гуфтаи расонаҳо, Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон, нахуствазири Қатар гуфтааст, ки ба шарте, ки ҳукумати Исроил ба отшабас розӣ шавад, он аз рӯзи якшанбе, 19-уми январ ба амал медарояд.
Ҳанӯз тафсилоти ин созиш эълон нашудааст, вале расонаҳо навиштаанд, ки он се марҳиларо дар бар хоҳад гирифт.
Марҳилаи якуми оташбас қарор аст 42 рӯз (6 ҳафта) давом кунад. Дар ин муддат бояд ивази гаравгонҳо сурат гирифта, сарбозони исроилӣ аз Навори Ғазза берун шаванд ва ворид шудани ҳаҷми бештари кумакҳои башардӯстона ба ин қаламрав иҷоза дода шавад.
