Ҳафт мӯъҷизаи дунё
Шоҳ Небучамтдеззари II тахминан дар солҳои 600-уми пеш аз милод боғҳои самовии Бобулро чун усули айвон ба кӯҳ барпо кардааст. Муаррихони қадим хабар медиҳанд, ки дар ҳамон даврҳо Бобул давлати бузург буда, девор, сарой, қаср ва дахмаҳои машҳур доштааст.
Барои боғҳои самовии чанд айвони аз якдигар чун зина ба зина болотар сохтаанд.
Баландии онҳо аз 24 м. то ба 90 м. будааст. Дарахт ва гулҳо дар болои айвон сабзида, онҳоро аз оби дарёи Фурот обёрӣ кардаанд. Бостоншиносон аз соҳилҳои дарёи Фурот ашёи тахминан ба боғҳои самовӣ дахлдорро ёфтаанд.
Ин боғҳо дар шаҳри аз ҳама калон ва бадавлати Шарқ – Бобул (ҳоло дар қаламрави давлати Ироқ) воқеъ буд. Бунёди боғҳои самовӣ мувофиқи ривоятҳо бо малика Семирамида вобаста мебошад. Дар асл бошад, онҳо бо фармоиши Навуходоносор дар асри VI пеш аз милод бунёд карда шудааст. Подшоҳ саройи худро дар болои майдони сунъии баланд созондааст.
Ба майдон ба воситаи айвонҳои қабат ба қабат мебаромаданд. Ҳар як қабат дар шакли қуббаи давра сохта шуда, онҳоро сутуни баланди сангин нигоҳ медошт. Болои айвонҳоро бо қамиш пӯшида, сипас хишт чидаанд ва бо пластинкаҳои қӯрғошимӣ пӯшидаанд. Баъдан ба болои он хоки бисёр бароварда, дар тамоми бом ғафс хобондаанд. Дар ҳар қабат дарахтҳо шинонда, боғҳои зебо барпо кардаанд. Об барои обёрии ин боғҳо аз дарёи Фурот гирифта шудааст.
Чархпалаки бузургеро, ки бо зарфҳои чармӣ обро ба боло бароварда медод, садҳо ғуломон шабу рӯз давр мезанонданд.
Боғҳои самовии Бобул ба ҳамин дараҷа зебо буданд, ки онро «Боғи Эрам»-и амсолаш дар ҳафт иқлим набуда гӯён, мадҳ мекарданд. Мутаассифона, имрӯзҳо сайёҳон ин боғҳоро дида наметавонанд. Обхезии даҳшатнок дар дарёи Фурот онро ба вайрона табдил дод. Ҳоло дар ҷои он боғҳо харобаҳои манорача, айвонҳо боқӣ мондаанд.
