Ovozi.uz

Шумораи фавтидагон аз заҳролудшавии нӯшокиҳои спиртӣ дар Туркия ба 10 нафар расид

Тибқи маълумоти Сарконсулхонаи Ӯзбекистон дар Туркия 15-уми январи соли ҷорӣ ба Сарконсулхонаи шаҳри Истанбул дар бораи марги 4 нафар (ҳамаашон мард) хабар омадааст. 14-уми январ дар бораи марги 6 нафар хабар дода буданд. Дипломатҳои Сарконсулхона аз рӯи ҳолат бо Садорати суд-мед экспиртизаи ҳифзи тандурустӣ ва идораҳои ҳифзи ҳуқуқи Истанбул дар алоқамандӣ кор бурда истодаанд. Сарконсулхона ба шаҳрвандони Ӯзбекистон ба дидани чораҳои эҳтиётӣ, бехатарии шахсӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба Сарконсулхона муроҷиат карданро даъват кардааст. Рақами телефон барои тамос: +90(553) 541-17-17