Ovozi.uz

Дар Женева таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷоя бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ЮНЕСКО оғоз гардид

Дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳамоиш оид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гузаронида шуд.

Ҳамзамон баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо: мушкилот ва имконот» аз ҷониби ҳамраисони Шурои машваратӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор ёфт.

Дар ҳамоиш муовини Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ хонум Ко Баррет ва ёвари Директори генералии ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиатшиносӣ хонум Лидия Артур Брито сухан намуданд.

Инчунин, ҷонибҳои манфиатдор захираҳо, воситаҳо ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои обшавии пиряхҳо, идоракунӣ ва мониторинги захираҳои об, хатарҳои марбут ба об ва ғайраро дар асоси уҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалӣ баррасӣ намуданд.