Ovozi.uz

Имрӯз аксияи «Рӯзи бе автомобил» баргузор мешавад

Имрӯз, 22-юми январ дар тамоми қаламрави Ӯзбекистон аксияи аввалини «Рӯзи бе автомобил»-и соли равон оғоз ёфт.

Ба роҳбарон ва кормандони ҳамаи идораҳои давлатии марказҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, инчунин, шаҳри Тошканд ва ҳамдиёрон тавсия дода шудааст, ки аз воситаҳои нақлиёти шахсӣ рӯ гардонда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ ва велосипед барин воситаҳои ҳаракати ба муҳити атроф кам зарар мерасонида истифода баранд.

Аксияи мазкурро бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21-уми феврали соли 2024 таҳти рақами 37 рӯзи чоршанбеи чоруми ҳар моҳ гузарондан ба нақша гирифта шудааст.