26-уми январ — Рӯзи байналмилалии гумрук
Ҳар сол 26-уми январ дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии боҷхона (International Customs Day) — Иди касбии кормандони хидмати боҷхона ҷашн гирифта мешавад.
Солҳои охир ҳаҷми пардохти боҷхона, ки ба ҳисоби буҷаи давлат меафтад, ба таври назаррас боло меравад. Бахусус, дар давоми 12 моҳи соли 2024 пардохтҳои ситонидашудаи боҷхона 3,4 триллионро ташкил кард.
Дар Ӯзбекистон додани имтиёз ба соҳибкорон барои рушди бизнес самти муҳим ҳисобида мешавад. Хусусан, бо мақсади дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ аз пардохтҳои боҷхона наздик ба 1,81 триллион сӯм имтиёз ва преференсияҳои тариф истифода шуд. Ҳамчунин, тартиби дертар амалӣ кардани пардохтҳои боҷхона содда карда шуд. Дар натиҷаи ин соли 2024 соҳибкорон барои додани миқдори 617,9 миллиард сӯм пардохти боҷхона аз ин имконият истифода бурдаанд.
Соли гузашта дар Садорати боҷхонаи вилоят содироти иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ 881,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил карда, нисбат ба соли 2023 – 95,7 миллион доллари ИМА ёки 12,2 фоиз афзудааст.
Маҳсулотҳои асосие, ки содирот шудаанд — меваю сабзавот, металл ва асбобҳое, ки аз он тайёр мешаванд, маҳсулоти озуқаворӣ, транспорт ва қисмҳои эҳтиётии он, маҳсулоти бофандагӣ, маҳсулоти тамоку ва нӯшокиҳои спиртӣ, риштаву калоба ва маҳсулотҳои дигар мебошанд.
Аксарияти молҳои содирот ба Федератсияи Русия, Хитой, Қазоқистон, Озарбайҷон, Туркия, Тоҷикистон фиристода шудааст.
Маҳсулотҳои воридотӣ 2 136,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил кардааст.
Давлатҳое, ки бештар маҳсулот ворид кардаанд: Хитой, Федератсияи Русия, Туркия ва Қазоқистон мебошад.
Аз тарафи боҷхоначиёни вилоят 1658 ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар давоми соли 2024 муайян гардида, гардиши ғайриқонунии маҳсулот ва транспорт ба арзиши 37 миллиарду 568,4 миллион сӯм пешгирӣ карда шудааст. Аз он, 1514‑то корҳои маъмурӣ ва 63‑то парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.
Ғайр аз ин, 31 ҳолати вобаста бо моддаҳои нашъамандӣ боздошт гардида, 45,1 килограмм моддаҳои гиёҳвандӣ, аз ҷумла, 27,4 килограмм «опий», 630,95 грамм героин, 15,4 килограмм «марихуана», 1,6 килограмм «гашиш», 706 бех «кӯкнор» муайян гардидааст.
Вобаста ба гардиши ғайриқонунии нӯшокиҳои спиртӣ дар 10‑то ҳолат 17 915 литр нӯшокиҳои спиртӣ бо қимати зиёда аз 1 миллиард ва дар 42 ҳолат 10 739 қуттӣ тамоку зиёда аз 315 миллион сӯм аз гардиши ғайриқонунӣ пешгирӣ карда шудааст.
Нисбати ҳаракати ғайриқонунии валюта дар 167 ҳолат 7 миллиарду 654 миллион сӯм ё 517 983 ҳазор доллари ИМА аниқ гардидааст.
Инчунин, оиди гардиши ғайриқонунии ашёҳои заргарӣ дар 82 ҳолат 11,4 килограмм ба қимати 6,3 миллиард сӯм ашёҳои заргарӣ ба сифати далелҳои ашёвӣ дастгир шудаанд. Ҳамчунин, 17 ҳолати гардиши ғайриқонунии доруҳои психотропӣ пешгирӣ шуда, 1542 дона доруҳои психотропӣ муайян гардидааст.
Дар пешгирии гардиши воситаҳои пиротехникӣ бошад, дар 9 ҳолат 181 246 дона воситаҳои пиротехникӣ муайян гардида, муваққатан нигоҳдорӣ карда шудааст.
Бояд гуфт, ки аз рӯи ҳолатҳои салбӣ ва ҷазои интизомӣ дар таркиби шахсии Садорати боҷхонаи вилоят нисбати 11 нафар ходим чораҳои ҷазои интизомӣ пешбинӣ гардидааст. Ғайр аз ин, бобати мубориза бар зидди коррупсия 37 маротиба ҷамъомад, 89 маротиба сӯҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шудааст. Дар давоми соли 2024 аз тарафи шахсони юридикӣ ва ҷисмонӣ ба Садорат 154‑то муроҷиат омада расида, аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ 97‑то муроҷиатҳои электронӣ ва хаттӣ, аз ҷониби шахсони юридикӣ 36‑то электорон ва хаттӣ, 21‑то муроҷиатҳои шифоҳӣ (қабули шаҳрвандон) қабул шудааст.
Ҳоло бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии соҳибкорон ва шахсони ҷисмонӣ фаъолияти «Телефони боварӣ»-и рақами кӯтоҳи кумитаи боҷхонаи давлатӣ 11-08 ва рақами телефони Садорати боҷхонаи вилоят (66) 233–63–00 бо тартиби 24 соата ба роҳ монда шудааст.
Хидмати ахбори Садорати боҷхонаи вилояти Самарқанд
