Ovozi.uz

Қонун барои имзо ба Президент фиристода шуд

Барои ронандагони маст миқдори ҷарима зиёд гардида, ҳангоми дубора такрор шудани ҳолати мазкур ҷазои то 3 сол аз озодӣ маҳрум кардан муқаррар мешавад.

Сенаторҳо ин қонунро тасдиқ намуданд.

Тибқи қонун, барои идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, миқдори ҷарима ба 40 баробари миқдори ҳисоби базавӣ (15 миллион сӯм) зиёд карда шуд. То ин вақт он 25 баробари МҲБ буд.

Агар ин ҳолат такрор шавад, ронанда ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, ба ӯ ҷазоҳои то 3 сол маҳрум кардани ҳуқуқи ронандагӣ, аз 2 то 3 сол корҳои танзими ахлоқӣ ё аз 2 то 3 сол маҳрум намудан аз озодӣ таъин карда мешавад.

Қонун барои имзо ба Президент фиристода шуд.