Имрӯзҳо бо мақсади таъмини қарори Президенти мамлакат аз 30-юми апрели соли 2022 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба диверсификатсияи хидматҳои туризми дохилӣ” дар саросари мамлакат “Ҳафтаи сайёҳии ҷавонон” идома дорад.
Дар доираи ҳафтаина, ки бо мақсади ташкил намудани саёҳати донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, донишомӯзон ва ҷавонони номуттаҳид, ногироидоштаи маҳаллаҳо ба ҷойҳои ҷолиби диққати ҷумҳурӣ, инчунин, пурмазмун гузаронидани таътили зимистонаи онҳо ташкил гардид, хонанда, донишҷӯ ва ҷавонони аз 7 то 30 солаи кишвар дар хароҷоти роҳкиро ва нақлиёт, воридшавӣ ба театрҳо, кинотеатр ва консертҳо аз имтиёзҳои махсус истифода мебаранд ва осорхонаву объектҳои мероси фарҳангиро бепул тамошо мекунанд.
– Дар доираи ҳафтаина саёҳати ҷавонони фаъол, фарзандони оилаҳои ниёзманд ба гӯшаву канори мамлакат ташкил карда мешавад, — гуфт мутахассиси Садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон Олим Эшқулов. – Соли гузашта дар доираи моҳонаи сайёҳӣ чунин саёҳатҳо ташкил гардида, беш аз 50 ҳазор ҷавонон аз гӯшаву канори сазовори диққати кишвар дидан карданд. Имсол низ ният дорем то саёҳатҳо дар сатҳи аъло ташкил гарданд. Танҳо дар рӯзи аввали ҳафта беш аз 500 нафар хонандагони фаъоли мактабҳои вилоят, фарзандони оилаҳои камбизоат ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ ба ҷойҳои ҷолиби Самарқанд саёҳат карданд.
Дар доираи ҳафтаина аз тарафи ҷамъиятҳои саҳҳомии “O‘zbekiston temir yo‘llari” ва “Uzbekistan Airways” барои сайёҳони ҷавон имтиёзҳо дар хариди билетҳои ҳавопаймо ва роҳи оҳан муқаррар карда шудааст.
Писар духтарони минтақаҳои дигари кишвар ба шаҳри Самарқанд, ва ҳамзамон ҷавонони самарқандӣ ба тамошои дигар ҳудудҳо мераванд. Аз ҷумла, 50 нафар донишомӯзони мактаби таълими умумии рақами 54-и ноҳияи Булунғур ба шаҳри Тошканд рафта, “Toshkent City”, “Magic city”, Боғи миллии Ӯзбекистон, Боғи ғалаба ва дигар масканҳои ободро тамошо карда, бо як ҷаҳон таассуроти нек баргаштанд.
Ғайр аз ин, дар асоси барномаи чорабиниҳои ҳафтаина бо иштироки намояндагони илму фан, соҳаи сайёҳӣ, ки ба дастовардҳои баланд ноил гардидаанд ва дар ҳифзи мероси фарҳангиву рушди сайёҳӣ саҳми бузург ҳамроҳ кардаанд, вохӯриву дарсҳои маҳорат гузаронида мешавад. Аз ҷумла, рӯзи 6-уми январ дар Регистон бо сарвари ансамбли Регистон, соҳиби медали “Шуҳрат” ва нишони сарисинагии “Маданият ва санъат фидокори” Хонқул Самаров вохӯрӣ баргузор гардида, ҷавонони вилоят фаъол иштирок карданд.
Бояд гуфт, ки аз соли 2024 барои дар саросари мамлакат ташкил кардани саёҳати писар-духтарони ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд аз ҳисоби Хазинаи “Дафтари ҷавонон” ҳар сол ҷудо кардани 60 миллиард сӯм муқаррар карда шудааст.
Д.МУҲАММАДИЕВА, роҳбалади ансамбли Регистон
