Ovozi.uz

Таърихи Самарқанд то чӣ андоза омӯхта шудааст?

Ин саволро иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев дар мулоқот бо зиёиён ва муаррихону олимон ба миён гузошт.

— Самарқанд яке аз шаҳрҳои қадимитарини ҷаҳон ба шумор меравад, аммо ҷойҳое, ки ин таърихро нишон медиҳад, башуморанд, — гуфт ҳоким. — Бисёр манзилҳои таърихӣ, ҳатто макони қасри Амир Темур ҳамаҷониба таҳқиқ карда нашудааст. Мо бояд таърихи худро барқарор кунем, ҷойҳои бостониро дарёфт карда, таъмир намоем.

Дар вохӯрии бахшида ба ин масъала номзади илмҳои таърих, дотсент Маҳмуд Насруллоев, директори Институти бостоншиносии Самарқанд Мӯъминхон Саидов дар бораи ашёҳои археологӣ, ки ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд, қабрҳои бузургони сарзамини мо, Арки Амир Темур ва макони он маълумот доданд. Инчунин, роҷеъ ба тадқиқоти илмӣ ва мушкилоте, ки дар ҷараёни омӯзиши онҳо ба миён меоянд, пешниҳодҳо дода шуданд.

А.Бобоев гуфт, ки ҳама пешниҳоду андешаҳо омӯхта шуда, чунин вохӯриҳо зуд-зуд баргузор мешаванд.