Ovozi.uz

Дар бораи шумораи туристоне, ки соли гузашта ба Ӯзбекистон омадаанд, маълумот дода шуд

Хизмати матбуотии Агентии омор хабар дод, ки аксарияти туристоне, ки ба Ӯзбекистон меоянд, мардон мебошанд.

Мувофиқи маълумотҳо соли 2024 ҳамагӣ 8,2 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ ба Ӯзбекистон омадаанд.

Аз ҷумла:

  • занҳо – 4 077,1 ҳазор нафар (49,8 фоиз)
  • мардҳо – 4 104,3 ҳазор нафар (50,2 фоиз)

Барои маълумот, соли 2023 дар моҳҳои январ-декабр 6,6 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади туристӣ ба Ӯзбекистон омада буданд.