Дар тиббиёт аз реша ва пояи он бештар истифода мебаранд. Реша ва пояҳои (дар тирамоҳ, пеш аз сабзидан дар фасли баҳор) ба 10-20 см. дарозӣ ба қисмҳо тақсим карда дар офтоб хушк мекунанд. Дарозии хомашёи тайёр 2-20 см. ва ғафсиаш ба 0,5-3 см. баробар буда, дохили он сафеди зардчатоб аст. Бӯяш ба худаш хос ва хушбӯй мебошад. Муддати нигоҳ доштани он то ду сол аст.
Хусусияти шифобахшии рустании мазкур аз замони қадим маълум аст.
Картошкагул ба бемории меланхолия даво мебахшад, ба дардҳои ҷигар, талха, узвҳои бадан, миён ва асаб таскин мебахшад. Агар решаи онро ба об ҷӯшонда нӯшанд, барои нигоҳ доштани пешоб, дар хоб пешоб накардан фоидабахш аст. Агар як дирҳам (3,12 грамм) картошкагулро майда карда, баъд бо асал омехта ба бадан моланд, барои халосӣ ёфтан аз сулфа ва бемории астма кӯмак медиҳад. Инчунин барги онро ҷӯшонда истеъмол намоянд, он низ фоидабахш аст.
Картошкагул барои мардуми олам ҳамчун рустании шифобахши машҳур эътироф шудааст. Алалхусус реша ва пояи он барои табобати бемориҳои рӯдаву меъда, безгак, сили устухон, ревматизм, радикулит, диабети қанд, зардпарвин, босил, роҳи нафасгирӣ ва ғайра истифода мебаранд.
Картошкагул дар табобати илмӣ низ барои халосӣ ёфтан аз бемориҳои катар, сили шуш, сафро, хориҷ кардани пешоб, талха, захмҳои меъда ва ғайра истифода мебаранд.
