Ба Ӯзбекистон дар давоми соли 2024 ба қимати 374,5 миллион доллари ИМА 4,2 миллион дона телефонҳои мобилӣ воридот карда шудааст. Дар ин бора Агентии омор маълумотҳои аввалинро эълон кард.
Аксарияти телефонҳои мобилие, ки оварда шудаанд, аз кишварҳои Чин, Ветнам ва Ҳиндустон мебошанд. Бахусус, Чин дар бозори Ӯзбекистон ҳамчун таъминкунандаи калонтарин пешқадамӣ кардааст. Дар соли 2024 ба Ӯзбекистон аз Чин 3,4 миллион дона телефон ворид гардидааст, ки ин қисми зиёди ҷамъи воридотро ташкил мекунад.
Аз Ветнам 589,4 ҳазор, аз аз Ҳиндустон бошад 113,6 ҳазор дона телефон ворид гардидааст. Инчунин, аз Ҳонконг 46,1 ҳазор дона, аз дигар давлатҳо бошад 5,4 ҳазор дона телефон оварда шудааст. Ин нишондодҳо дар бозори Ӯзбекистон талаби зиёдро ба смартфон ва алоқаҳои мобилӣ нишон медиҳад.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки дар мамлакат эҳтиёҷ ба технологияҳои мобилӣ сол аз сол меафзояд. Васеъ гардидани хизматҳои рақамиву интернетӣ, ба қисми ҷудонашавандаи зиндагӣ табдил ёфтани смартфонҳои замонавӣ, инчунин, ҷараёни гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ талаби ба дастгоҳҳои мобилӣ бударо зиёд кардааст.
Аксарияти смартфонҳое, ки ба кишварамон ворид шудаанд, ба ширкатҳои мисли «Samsung», «Apple», «Redmi» марбутанд. Дар оянда дар натиҷаи зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳаллӣ дар бозори дохилӣ кам кардани эҳтиёҷ ба воридот ба нақша гирифта шудааст.
