Ovozi.uz

Сенат: Сарҳади як қатор ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Самарқанд тағир дода мешавад

Дар ҷамъомади умумии Сенат вакилони палатаи болоии парлумон масъалаи «Дар бораи тағйир додани сарҳади шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Самарқанд ва Оқдарёи вилояти Самарқанд»-ро баррасӣ карданд.

Дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки татбиқи ин тағйирот ба фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолӣ, бунёди системаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ, инчунин, объектҳои иҷтимоӣ (мактаб, боғча, беморхона) ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муҳим аст.

Тавре маълум аст, 20-уми июли соли 2023 Қарори Президент «Дар бораи чораҳои барпо намудани маркази замонавии соҳибкорӣ ва маҷмааи истиқоматии «Ширин» дар шаҳри Самарқанд» қабул гардида буд.

Масъалаи муҳокимашуда низ махсусан ба иҷрои пурраи қарори Сарвари давлатамон бо назардошти хусусиятҳои ба худ хоси вилояти Самарқанд хизмат мекунад.

Аз ҷумла, мувофиқи пешниҳоди аҳолӣ бобати таъмини хонаву ҷой дар ҳудуди 15 километр дарозии соҳили дарёи Зарафшони шаҳри Самарқанд, ки барои шаҳрвандон қулай аст, барпо намудани маркази замонавии соҳибкорӣ ва комплекси истиқоматии «Ширин» ба маблағи 10 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.

Дар масъалае, ки сенаторҳо баррасӣ карданд, 243 гектар ҳудуди ноҳияи Оқдарёи вилояти Самарқанд, 170 гектари майдони ноҳияи Самарқанд, ба ҳисоби умумӣ гузаронидани 413 гектар майдон ба таркиби шаҳри Самарқанд дар назар аст.

Дар натиҷа, 252 гектар майдони кунунии мавзеи “Ширин” васеъ гардонида шуда, ба ҳисоби умумӣ 665 гектарро ташкил медиҳад.

Тибқи мастер-нақшаи дар рафти муҳокимаҳо тасдиқшуда маълум карда шуд, ки дар минтақа 254 бинои бисёрошёна бо 60 ҳазор хона барои 180 ҳазор нафар аҳолӣ ва 45 объекти соҳаи иҷтимоӣ бунёд мегардад.

Дар ин шаҳраки «Ширин» мӯҳлатҳои амалӣ гардонидани лоиҳаҳои бунёдкорӣ аниқ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар се марҳила сурат мегиранд.

Ҷиҳати эътиборноки он, дар натиҷаи бунёди пурраи маркази соҳибкории замонавии «Ширин» дар соҳаҳои гуногун барои тақрибан 50 ҳазор нафар аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Ба андешаи якдилонаи сенаторҳо, тағир додани сарҳадҳо дар вилоят ба симои меъмории шаҳри Самарқандро хуб ва зеботар намудан, ҷозибадории онро барои сармоягузорони хориҷӣ ва маҳаллӣ зиёд кардан, истифодаи самараноки салоҳияти сайёҳии шаҳр, таъмин намудани рушди босуръати инфрасохтори бизнеси замонавӣ, молиявӣ ва сайёҳӣ, аз ҳама муҳимаш, барои баланд бардоштани зиндагии фаровони мардум хизмат мекунад.

Дар охири муҳокима карори дахлдори Сенат қабул карда шуд.