Ovozi.uz

Масъалаҳои ислоҳоти соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят муҳокима шуданд

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо масъулони соҳаи тандурустии Туркия вобаста ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар вилоятамон мулоқот баргузор намуд. Дар он масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар ислоҳоти системаи тандурустӣ баррасӣ гардид.

Ҷониби Туркия доир ба механизмҳои муассири такмили низоми суғуртаи тиббӣ, сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва беҳтар намудани ёрии аввалини тиббию санитарӣ маълумот дод.

Роҳбари вилоят аз ташаббуси омӯзиши таҷрибаи Туркия ва татбиқи он дар иттиҳодияҳои тиббиро дастгирӣ кард. Ин усул ба оптимизатсия кардани идоракунии система ва самаранокии тиббиро баланд бардоштан имкон медиҳад, гуфт Адиз Бобоев.

Дар поёни музокираҳо ҷонибҳо роҷеъ ба татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи тандурустӣ ва рушди ҳамкориҳои мунтазам дар ин самт ба мувофиқа расиданд.