Ovozi.uz

Як ширкати Хитой мехоҳад дар Самарқанд корхона кушояд

Солҳои охир соҳибкорони чинӣ ба ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунанд. Вангҷун Зҳанг, сармутахассиси сармоягузорӣ ва стратегияи ширкати «Zhejiang Junsheng Energy»-и Хитой яке аз чунин сармоягузорон аст.

Ӯ дар мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев дар бораи фаъолияти ширкати «Zhejiang Junsheng Energy» маълумот дод.

Ба гуфтаи Вангҷун Зҳанг, «Zhejiang Junsheng Energy» ҳама намуди маҳсулоти пластикӣ ва қисмҳои пластикии автомобилҳоро истеҳсол ва содирот мекунад.

Сармоягузори чинӣ мехоҳад ашёи дар боло зикршударо дар Самарқанд истеҳсол кунад, ки ин лоиҳа ба маблағи 15 миллион доллар аст. «Агар лоиҳа роҳандозӣ шавад, 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад» гуфт Вангҷун Ҷуншенг.

Роҳбари вилоят ҷонибдории худро аз лоиҳаи сармоягузор изҳор намуда, таъкид намуд, ки имрӯзҳо дар кишвари мо, бахусус дар шаҳри Самарқанд ба маҳсулоти пластикӣ талабот зиёд буда, кор дар асоси консепсияи таҳияшудаи афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти корхона муҳим аст.

«Мо ҳамеша омодаем, ки дар чаҳорчӯби қонун ба сармоягузорон кумак кунем, шумо метавонед ба шарикони чинии худ дар бораи имкониятҳое, ки барои сармоягузорон дар кишвари мо фароҳам оварда шудааст, маълумот диҳед, то онҳоро ба ин фаъолиятҳо ҷалб кунед», — гуфт Адиз Бобоев.