«Telegram» акнун маълумоти тамосҳои номаълумро нишон медиҳад. Дар ин бора нашрияи «Код Дурова» хабар додааст. Қайд гардидааст, ки ин функсия айни ҳол дар версияи бета барои Android санҷида мешавад.
Пештар Павел Дуров ин навовариро дар канали худ эълон карда буд. Ба гуфтаи ӯ, чунин тағйирот ба корбарон барои муҳофизат аз қаллобон кӯмак мерасонад.
Барнома маълумоти зеринро ба корбар пешниҳод мекунад:
🔹 Телефони тамос ба кадом кишвар тааллуқ дорад;
🔹 Аккаунт дар кадом моҳ ва сол ба қайд гирифта шудааст;
🔹 Шумораи гурӯҳҳои умумии муштарак;
🔹 Аккаунти расмии Telegram будан ё набудани он.
Гуфта мешавад, ки ин хусусият ҳанӯз дар марҳилаи санҷишӣ қарор дорад, аммо дар версияи нави «Telegram» ба зудӣ дастрас хоҳад шуд.
