Ovozi.uz

Бахти фарзанди модари босавод

Вафоев Ато Ниёзович. Аксарияти самарқандиёни кӯҳансол ва онҳое, ки дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва Донишкадаи кооперативӣ (ҳоло Иқтисодиёт ва сервис)-и Самарқанд маълумот гирифтаанд, ӯро ба хубӣ мешиносанд ва ҳурмат мекунанд. Агар вай дар қайди ҳаёт мебуд, 18‑уми марти соли равон 100 солагиашро ҷашн мегирифтанд. Имсол низ пайвандону наздиконашон ва аҳли ҷамоатӣ хотираи ин марди нек, олим ва яке аз фаъолони ҳизбу ҷамъиятии шаҳри Самарқанд дар ин рӯзҳо пос дошта, ба некӣ ёдаш мекунанд.

Ато Вафоев 18‑уми марти соли 1925 дар шаҳри бостонии Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ба бахти ӯ модараш Хосиятхола дар он солҳои пурошӯб машғули нонвоӣ буд. Чунки зиндагӣ бекор нишастанро тақозо намекард. Аммо, азбаски вай дар курсҳои кӯтоҳмуддат таълим гирифта, савод омӯхта буд, вайро ба фаъолияти омӯзгорӣ барои маҳви бесаводӣ ҷалб намуданд. Баробари ҳамин зани оқилаву доно ба чор нафар фарзандони худ низ сабақ дод ва онҳо каму беш навиштану хонданро омӯхтанд. Бинобар ин онҳо дар мактаб донишомӯзони пешқадам буданд. Ато Вафоев аз хурдсолӣ ташнаи илму маърифат буда, пас аз хатми мактаби рақами 3‑и зодгоҳаш бо меҳри баланд таҳсилро дар факултаи таърихи ДДС идома дод. Оғози ҷанги дуюми ҷаҳонӣ имконият надод, ки Ато Ниёзович таҳсилро ба охир расонад.

Соли 1943 Атои 18‑соларо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват намуданд ва ӯ наздик ба як сол дар набардҳои зидди фашизм қаҳрамонона иштирок кард. Соли 1944 бо фармони ҳукумат ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯён барои идомаи фаъолият дар мактабҳо ва таҳсил аз майдони ҷанг баргаштанд. Майдони ҷанг меҳру муҳаббати ӯро нисбати Ватан ва халқ боз бештар кард.

Ато Ниёзович пас аз хатми донишгоҳ баробари фаъолияти омӯзгорӣ тадқиқотҳои илмиро низ давом дод. Соли 1966 дар шаҳри Тошканд ба аспирантура дохил шуд. Таҳсили ӯ бомуваффақият идома меёфт. Вале ҳамон сол қисмат барояш тӯҳфаи аҷиберо омода кард. Ӯ як рӯз пеш аз заминларзаи даҳшатбори Тошканд ба Самарқанд омада буд. Хонае, ки Ато Вафоев дар он истиқомат мекард, фурӯ рехт. Ин воқеа нишонаи бахти баланди ӯ шуд.

Пас аз хатми аспирантура ва ҳимояи рисолаи номзадӣ Ато Ниёзович фаъолияти илмӣ ва педагогии худро идома дод. Дар корҳои ҷамоатӣ ва ҳизбӣ низ фаъол буд. Хислатҳои наҷиби инсонӣ ва қобилияти ташкилотчигии ӯро ба ҳисоб гирифта, ба вазифаҳои нав ва баландтар интихоб ва таъин менамуданд.

Ато Вафоев муддати тӯлонӣ дар вазифаи мудири шӯъбаи кумитаи вилоятии ҳизб бо муваффақият фаъолият пеш бурд. Вале пайравии самимии вай ба арзишҳои миллӣ боиси баҳс шуд. Ӯро барои изҳори ҳамдардӣ бо пӯшидани ҷомаву тоқӣ ва бастани миён дар рӯзи ҷаноза аз ин вазифа озод карданд. Аммо ӯ таслим нашуд. Ба ақидаи худ устувор истод ва ҳаёт исбот кард, ки вай ҳақ будааст.

Ба ӯ вазифаи мудири шӯъбаи ғоибонаи Донишкадаи кооперативии Самарқандро пешниҳод намуданд, ки ҳоло таъсис нашуда буд. Ато Ниёзович тавонист, ки онро таъсис ва сипас ба факултети ғоибона табдил диҳанд. Вай аввалин декани ин факултет шуд.

Сипас, ӯро ба вазифаи котиби ташкилоти ҳизбии Донишгоҳи давлатии Самарқанд интихоб намуданд. Вай баробари иҷрои ин вазифа ҳамзамон дар яке аз кафедраҳои донишгоҳ фаъолияти педагогиашро пеш мебурд ва донишҷӯён аз илмҳои тӯли ин солҳо омӯхтаи устоди худ баҳраманд мешуданд.

Дар соли истиқлоли ҷумҳуриамон Ато Ниёзовичи аллакай дар нафақа бударо раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Боғишамол таъин намуданд ва ӯ ҳамчун шахсияти маъруф бо як ҷӯшу хурӯш дар ҳаёти ҷамъиятии Самарқанд иштирок карда, дар хотирҳо ба некӣ нақши худро гузошт.

Ато Ниёзович Вафоев 30‑юми марти соли 2003 вафот кард. Ӯ аз худ на танҳо мероси ғании илмӣ ва ҷамъиятӣ, балки намунаи ростқавлӣ, матонат ва хизмат ба мардумро боқӣ гузошт. Ёди ӯ ҳанӯз ҳам наслҳои навро илҳом мебахшанд.

Вай панҷ нафар фарзанд дошт. Имрӯз авлоди ӯ ба 100 нафар расиданд ва ифтихор аз зиндагӣ ва дастовардҳои ӯ доранд.

Тошқул АЗИМОВ