Дар фасли баҳор рӯзҳо дароз шуда, офтоб зиёдтар нурпошӣ мекунад. Аммо аз сабаби авитаминоз (норасоии витаминҳо дар организм) баъзан мушакҳо суст шуда, дар инсон ҳолатҳои беҳолӣ, рӯҳафтодагӣ, лоқайдӣ ба назар мерасад.
Барои паси сар кардани ин гуна ҳолатҳо ба мо истеъмоли ҷағ-ҷағ, исмалоқ, пудина, беда, пиёзи барра, шибит, гашнич барин кабудиҳо фоида дорад. Аз онҳо самбӯса, манту, бичак, барак, таомҳои ҷурғотнок тайёр карда, истеъмол намудан, суманаку ҳалиса хӯрдан мувофиқи матлаб аст. Чунки дар таркиби ин гуна маҳсулот ва таомҳо витаминҳо ва моддаҳои минералии барои солимии инсон фоиданок бештар аст.
Рӯзҳои абрнок ва ҳавои гирифта ба кайфияти одам таъсири манфӣ расонида, фаъолияти кориро суст мекунад. Дар ин хел вақт саҳарии барвақт аз хоб бедор шуда, каме дар ҳавои тоза сайр кардан хеле хуб аст. Дар хӯроки пагоҳӣ аз шавлаи (каша)-и гандумин даст кашида, ба ҷойи он шавлаи гречиха, сулӣ ё ҷавин истеъмол намудан хуб аст. Чунки углеводҳои дар таркиби онҳо буда дар организм оҳиста ҳазм шуда, дар хуни кас миқдори қандро зиёд намекунад.
Агар пагоҳирӯзӣ ба таомҳо олуқоқ, себқоқ, туршак, меваҳои реза (малина, смородина ва ғайра) андозед, хӯрок бомазза мешавад.
Пеш аз хоб истеъмоли ҷурғоти беравған ё ин ки омехтаи ширу асал (як истакон шири нимгарм бо як қошуқчаи чой асал) аз фоида холӣ нест.
