Ovozi.uz

Даври дуюми музокираҳои Эрон ва Амрико чӣ гуна гузашт?

Даври дуюми музокираҳои Эрон ва Амрико бар сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ дар Рим рӯзи 19-уми апрел баргузор шуд.

Дар ин даври музокираҳо ҳам Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва Стив Уиткоф, фиристодаи махсуси Доналд Трамп, дар корҳои Ховари миёна роҳбарии ҳайати музокиракунандаи ду тарафро бар дӯш доштанд.

Музокира бо миёнаравии Бадр ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Умон сурат гирифт ва ҳудуди 4 соат давом кард.

Пас аз поёни гуфтугӯҳо, ки ба қавли мақомоти Эрон “ғайримустақим” будааст, Бадр ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Умон дар саҳифаи “Х”-и худ эълон кард, ки “музокираҳо шитоб гирифтааст ва ҳатто ҳоло он чӣ ки ғайриимкон буд, имконпазир ба назар мерасад”.

Вазорати хориҷии Умон дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, чанд рӯзи баъд дар Масқат, пойтахти Умон гуфтугӯҳо дар сатҳи коршиносӣ идома меёбанд.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон фазои даври дуюми музокиротро созанда хонда, изҳор доштааст, ки “гуфтугӯҳо рӯ ба пешравӣ доранд”.

Ӯ гуфтааст, ки музокираҳои фаннӣ миёни Амрико ва Эрон рӯзи чаҳоршанбе (23-юми апрел) дар сатҳи коршиносон дар Умон оғоз меёбад ва даври сеюми музокираҳо рӯзи шанбе (26-уми апрел) баргузор мегардад.

Ароқчӣ ҳангоми берун шудан аз маҳалли музокираҳо ба расонаҳои Эрон гуфтааст, ки онҳо муваффақ шудаанд дар мавриди якчанд усулу мақсадҳо ба якдигарфаҳмии беҳтар даст ёбанд.

Мақомоти амрикоӣ то кунун ба таври расмӣ дар бораи даври дуюми музокираҳо изҳори назар накардаанд.