Сессияи сездаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят, даъвати ҳафтум бо мақсади такмили хизмати баровардани партовҳои маишӣ аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят, беҳдошти пайвастаи ҳолати экологӣ ва санитарии мавзеъҳо ва бар асоси моддаи 11‑уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи партовҳо», қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29‑уми сентябри соли 2020 «Дар бораи чораҳои такмили пайвастаи сохтори идораи корҳо вобаста ба партовҳои маишӣ ва сохтмон» таҳти рақами ҚП‑4845 ва аз 15‑уми августи соли 2023 «Дар бораи чораҳои ташкили боз ҳам самараноки идораи хонаҳои биноҳои бисёрқабата» таҳти рақами ҚП‑278, фармон аз 4‑уми январи соли 2024 «Дар бораи чораҳои такмили сохтори идораи партовҳо ва кам кардани таъсири манфии онҳо ба вазъияти экологӣ» таҳти рақами ФП‑5, супориши Девони Вазирон аз 9‑уми сентябри соли 2024 таҳти рақами 22/1‑1937, баённомаи ҳокими вилоят (А.Шукуров) аз 26‑уми марти соли 2025 (таҳти рақами 170/01‑30), мактуби Вазорати экология, ҳифзи муҳити атроф ва тағйироти иқлим аз 25‑уми марти соли 2025 (таҳти рақами 01‑01/22‑183), муроҷиати филиали вилоятии ҳудудии Маркази ҷумҳурии ташкили корҳои тозагии санитарӣ аз 9‑уми октябри соли 2024 (таҳти рақами 01‑3/702) ва хулосаи сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят аз 24‑уми октябри соли 2024 (таҳти рақами 01/05‑38/2763) ҚАРОР МЕКУНАД:
- Миқдори тарифҳои пардохти ҳатмӣ барои хизматрасонӣ дар ҷамъоварии партовҳои маишӣ ва баровардани онҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд бар асоси илова тасдиқ карда шавад.
- Ҷонишини ҳокими вилоят (А.Шукуров) ба тартиби муайяншуда лоиҳаи қарори ҳокими вилоятро дар бораи тасдиқ намудани миқдори тарифҳои пардохти ҳатмӣ барои хизмати ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои маишии сахт аз шаҳр ва ноҳия таҳия намояд.
- Садорати вилоятии Агентии идораи партовҳо ва рушди иқтисодиёти сиркулярӣ (Б.Пайшанов), садорати ҳифзи тандурустии вилоят (С.Зайниев), садорати осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатӣ (Л.Рустамов) якҷоя бо ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳо дар байни қишрҳои васеи аҳолӣ фаҳмонидани корҳоро, ки ба зиёд намудани саводнокии ҳуқуқӣ ва санитарӣ-экологии шаҳрвандон нигаронда шудаанд, ташкил кунанд.
- Қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 29‑уми апрели соли 2024 «Дар бораи пазируфтани миқдори тарифҳои пардохти ҳатмӣ барои хизматрасонӣ дар ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои маишӣ аз мавзеъҳо» таҳти рақами VI‑98‑34‑7‑0-Қ/24 аз эътибор соқит карда шавад.
- Ба телевиденияи вилоят (М.Ихтиёров), таҳририяти газетаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» (Ф.Тошев) тавсия дода шавад, ки корҳои дар мавзеъҳо аз рӯи иҷрои қарор амалигардидаро васеъ равшан намоянд.
- Қарори мазкур аз рӯзи расман эълон шудани он ба амал медарояд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят роҷеъ ба масъалаҳои аграрӣ, хоҷагии об ва экология (Б.Абдуллоев) ва ҷонишини ҳокими вилоят (А.Шукуров) вогузошта шавад.
Раиси Шӯро Ш.НЕГМАТОВ
3‑юми июни соли 2025 VII‑13‑75-7-0-К/25
