Ҳоло ҳаёти моро бе қувваи электр тасаввур кардан душвор аст. Ба туфайли сабабҳои муайян рӯй додани фосилаҳои кӯтоҳмуддат дар таъминоти қувваи барқ ба тарзи зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатиамон албатта, таъсири манфӣ мерасонад. Мо ҳамзамон ба ин воқеа муносибати худро изҳор мекунем, вале дар бораи меҳнати сермашаққат ва маблағе, ки барои қувваи барқ сарф мешавад, кам андеша меронем. Баъзан барои сарфаи қувваи барқ хомӯш кардани чароғи барқӣ, ки бе зарурат гиронда шудааст, малол меояд.
Пешбинӣ мешавад, ки дар солҳои 2030 аҳолии мамлакатамон беш аз 40 миллион шуда, иқтисодиёти он 1,5 маротиба меафзояд. Мутаносибан ба ин бунёди 45 миллиард долларина қимати иловагӣ, 3 баробар зиёд кардани ҳаҷми хизматҳо, роҳандозии марказҳои бузурги маълумотҳо ва кушодани ҷойҳои нави корӣ бояд ба нақша гирифта шаванд. Ҳамаи инҳо бо инкишофи таъмини қувваи барқ бевосита вобаста мебошанд.
Мувофиқи ҳисобу китобҳо, дар Ӯзбекистон солҳои 2030 талаб ба қувваи барқ ба 117 миллиард-соат ва 2035 ба 135 миллиард соат мерасад. Яъне, нисбати ҳозира ресурси бештар аз 1,7 баробар зиёд зарур мешавад.
Бинобар ин лоиҳаҳо роҷеъ ба роҳандозии қувваҳои нави истеҳсол ва нигоҳдорандаи барқ амалӣ мегарданд. Барои ба сохтор васл кардани онҳо 7 ҳазор километр шабакаи магистралӣ кашида, тарзи идораи рақамӣ роҳандозӣ карда мешавад. Бо ин дар минтақаҳо мувозинати қувваи барқро таъмин кардан мумкин аст.
Инчунин, ташкил намудани танзимгар (регулятор)-и мустақил барои ба тартиб овардани бозори захираҳои энергия, алоҳида кардани функсияҳои харид, фурӯш ва расондани қувваи барқ, тақсим, генератсия ва модернизатсия кардани инфрасохтори ба истеъмолчиён расондани қувваи барқ ва гази табиӣ, пурра рақамӣ намудани ба ҳисоб гирифтани ҳамаи намудҳои захираҳои энергия аз вазифаҳои устувори ин самтҳо аст.
Вазифаҳои стратегии дар самти қувваи барқ муайяншуда, аввало давоми узвии муваффақиятҳое мебошанд, ки дар даври гузашта муваффақ шудаанд. Аз ҷумла, дар ҳашт соли охир дар мамлакатамон истеҳсоли қувваи барқ 38 дарсад афзуда, ба 81,5 миллиард киловат-соат расид. Ба туфайли кушода шудани роҳи васеъ ба сектори хусусӣ қувваи иловагии 11,2 гигаватӣ бунёд гардид. Ҳиссаи сектори мазкур дар генератсия ба 24 ва энергияи «сабз» ба 16 дарсад расид.
Роҳбари давлатамон 19‑уми феврали соли равон дар рафти шиносоӣ бо тақдимоти пешниҳодҳо роҷеъ ба баланд бардоштани дараҷаи самаранокии энергия ба масъалаи баланд намудани маданияти сарфаи энергия дар асоси таҷрибаи Япония додани эътибори алоҳида қайд кард, ки аз даври мактабхонӣ ба бачаҳо фаҳмондани ин хеле муҳим мебошад.
Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии аз ҷиҳати техникӣ ба тартиб овардан ва Маркази инноватсияи ҷавонони Ӯзбекистон — Япония лоиҳаи дониши сарфаи энергияро амалӣ мекунад. Дар айни ҳол барои ҷараёни мазкур дастурамали алоҳида таҳия карда шудааст. Лоиҳаи мазкурро, ки дар мактабҳои пойтахт оғоз мешавад, зина ба зина дар минтақаҳои дигари мамлакатамон низ ба тарзи оммавӣ роҳандозӣ мекунанд.
Дар шуури донишомӯзони мактаб ташаккул додани мафҳуми сарфакорӣ, воситаи дар мафҳумҳое аз қабили муносибати эҳтиёткорона ба муҳити атроф, сарвати умумимиллӣ будани захираҳои рӯй ва зери замин, об ва захираҳои табиии дигар, зарурати истифодаи оқилона аз онҳо фаҳмонда мешавад. Дар натиҷа ҳар як донишомӯз сарфакорӣ будани исроф накардани неъматҳо, зарурияти истифодаи бо меъёр ва оқилонаи сарватҳои табииро дарк мекунад.
Дар замони муосир талаб ба қувваи барқ ҳар рӯз не, ҳар соат зиёд мешавад. Рушд баробари худ талаби истеъмолро низ бисёр мекунад. Мувофиқи ҳисобу китоби мутахассисон, дар 50 соли охир талаб ба энергияи глобалӣ беш аз ду баробар афзудааст. Бар асоси маълумоти Агентии байналмилалии энергия дар соли 2050 нишондиҳандаи мазкур метавонад боз ба 50 дарсад афзояд.
Япония роҷеъ ба сарфаи энергия таҷрибаи калон дорад. Пас аз фалокате, ки соли 2011 дар стансияи атомии электрии (САЭ) Фукусима рӯй дод, ҳукумат бо мақсади гузарондани санҷиш, даҳҳо САЭ-ро баст. Сипас барои компанияҳои калон, субъектҳои бизнеси хурд ва хонадонҳо ба тартиби маъмурӣ таъминоти электрро маҳдуд кард.
Ҳамон сол барои сарфаи қувваи барқ усулҳои мухталифро аз санҷиш гузаронданд. Мисол, эскалаторҳои истгоҳҳои метро ва вокзалҳоро аз ҳаракат боздоштанд, дар биноҳои офисҳо ва иморатҳои осмонбӯс баъзе лифтҳо кор накард. Баробари ҳамин одамонро даъват намуданд, ки ба пиёда баромадан ба болои бино ё ки ду қабат пиёда фаромадан ҳамчун ба ҳоли одатӣ нигоҳ кунанд. Дар ҳама ҷо чароғҳои зиёдатӣ хомӯш карда шуданд. Розӣ шудани японҳо ба камаш ду дараҷа баланд шудани ҳарорати хонадонҳо, ки кондитсионер доштанд, аҳамияти муҳим касб намуд.
Дар фасли тобистон ҳангоми ба саломатӣ ва самарадории таҳсили донишомӯзон таъсир кардани обу ҳавои хеле гарм мактабҳои Япония сарфи назар аз кам будани молиягузорӣ ва кифоя набудани инфрасохтор, кӯшиш намуданд, ки муаммои паст кардани ҳарорати биноҳоро ҳал кунанд. Вале аз ҳама самараноктарини ин ташаббусҳо ба донишомӯзони мактаб аз хурдӣ омӯзондани сарфи қувваи барқ шуд.
Дар мамлакати мо қувваи барқ мутобиқан ба талаботи афзояндаи аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт зиёд карда мешавад. Аз ҷумла, соли гузашта 50 миллиард метри мукааб гази табиӣ, 81 миллиард киловат-соат қувваи барқ истеҳсол карда шуд. Аз рӯи ҳисобу китобҳо дар соли 2035 истеъмоли қувваи барқ нисбати ҳозира 1,7 баробар меафзояд. Яъне, барои пурра қонеъ кардани талаби мазкур имрӯз ба мо на танҳо истеҳсолот, балки маданияти истеъмолро низ омӯхта, роҷеъ ба мафҳуми сарфакорӣ тасаввур низ лозим аст. Дар ин самт саъю кӯшишҳои аввалин дар таълим, яъне мактабҳо бояд оғоз гардад.
Ташаббуси ба барномаи таълимии мактабҳо дохил кардани дарсҳо роҷеъ ба самаранокии энергия худ аз худ ба миён наомадааст. Аз таҷрибаҳои байналмилалӣ маълум мешавад, ки ба воситаи дар мактабҳо роҳандозӣ кардани барномаҳо роҷеъ ба сарфаи энергия ҳар сол мумкин 10–15 дарсади энергияро сарфа кард. Мисол, дар давлатҳои Скандинавия миқдори мазкур ба 25 дарсад расидааст. Исбот шудааст, ки дар ИМА ва давлатҳои Европа ба воситаи дар мактабҳо роҳандозӣ намудани ин барномаҳо 100 миллион мегаватт энергияро сарфа кардаанд.
— Вазорат дар ҳамкорӣ бо Маркази инноватсионии ҷавонони Ӯзбекистон — Япония амалӣ намудани дониши сарфаи энергияро оғоз кард, — гуфт сардори садорати Вазорати таълими томактабӣ ва мактаб Дилшода Норбоева. — Зинаи аввалини барномаи мазкур дар соли 2024 дар 10 мактаби вилояти Сирдарё ва шаҳри Тошканд амалӣ карда шуд. Дар натиҷа дар як ҳафта 1,86 мегаватт қувваи барқ ва 13 метри мукааб обро сарфа намуданд. Ин барои директор, омӯзгор, донишомӯзи ҳар як мактаб ва аҳолӣ хеле муҳим аст.
Вазорат дар ҳамкорӣ бо Агентии аз ҷиҳати техникӣ ба тартиб овардан дар байни донишомӯзон аз рӯи саводнокӣ дар сарфаи энергия барномаҳои амиқ тайёр кардааст. Аз рӯи он ҳар як донишомӯз дар даври мактабхонӣ то чӣ андоза муҳим будани сарфаи ресурсҳои энергияро меомӯзад.
Ҳамаи инҳоро ба инобат гирифта, дар соли таҳсили имсола низ дар ҳамаи минтақаҳои мамлакатамон мактабҳои такягоҳи интихоб карда шуданд. Донишомӯзони синфҳои 5–6 дар доираи фанҳои табиӣ, синфи 7 дар доираи фанни физика ба лоиҳа ҷалб гардиданд. Пеш аз оғози лоиҳа ҳамкорони мо аз Япония барои омӯзгорони мактабҳои мазкур курсҳои таълимӣ ташкил карданд, ки барои дар амалиёт самаранок роҳандозӣ намудани лоиҳа аҳамияти калон дорад.
Мувофиқи барнома, аввал донишомӯзонро бо ҷараёни истеҳсоли энергия шинос мекунанд. Сипас зинаи амалӣ оғоз мешавад. Донишомӯзон маълумотҳои ҳисобкунакҳои қувваи барқ, газ ва оби хонаашонро навишта, чӣ қадар сарфа шудани энергияро менависанд ва ғояҳои худро роҷеъ ба самаранокии сарфаи энергия пешниҳод мекунанд. Ин дар донишомӯзон на танҳо хусусияти сарфакориро пайдо мекунад, балки донишҳои технологии онҳоро низ мустаҳкам менамояд. Омӯзондани сарфаи энергия ба донишомӯзон сармояи бузург барои оянда аст. Дар мактабҳое, ки ин ташаббусро аввалин шуда оғоз намуданд, кайҳо натиҷаҳои аввалин намоён шудаанд.
Дар мактаб, муассисаҳои таълими томактабӣ ва объектҳои иҷтимоии дигар гузоштани батареяҳои офтобӣ ва гелиоколлекторҳои об, нав кардани дар ва тирезаҳо ба нақша гирифта мешаванд. Инчунин, имсол бо нав кардани дегхонаҳо дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва истифода аз энергияи «сабз» 5 миллион метри мукааб газ ва 15 миллион киловат-соат қувваи барқ сарфа карда мешавад.
Ба фарзандони худ аз хурдсолӣ исроф накардани нон ва хӯрокро ёд медиҳем. Вале дар бисёр ҳолатҳо сарфаи қувваи электрро, ки низ чунин неъмат аст, фаромӯш мекунем. Ташаббуси мазкур, ки ба ҳамин мақсад оғоз карда шуд, дар оянда на танҳо барои сарфаи қувваи барқ, балки дар ин самт рӯёб шудани қобилияти ихтирочигии ҷавонон роҷеъ ба истифодаи васеи навъҳои энергия таконе медиҳад.
Имсол дар мамлакатамон сарфаи 1,5 миллиард метри мукааб газ ва 3,5 миллиард соат қувваи барқ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар корхонаҳои калони саноатӣ меъёри барои истеҳсоли як воҳиди маҳсулот сарфшавандаи қувваи барқ муайян карда шудааст. Аз худи ҳамин сарфи энергия 5–10 дарсад кам мешавад. Ин на танҳо ба давлат, балки ба соҳибкорон низ имконияти ба воситаи сарфаи маблағи худ ба самтҳои дигари фоиданок дохил намудани сармоя (инвеститсия)-ро медиҳад. Ғайр аз ин чораҳои дар объектҳои иҷтимоӣ гузоштани ускунаҳои сарфакунандаи энергия дида мешаванд.
Лутфулло СУВОНОВ.
Аз ӯзбекӣ тарҷимаи
Тошқул АЗИМОВ.
