Ovozi.uz

Фаст-фуд: таърих ва таъсири он

Дар дунё ба таомҳои зудпаз (фаст-фуд) талаб бисёр буда, аз ҷумла дар байни наврасон ва ҷавонон теъдоди дӯстдорони ин гуна таомҳо хеле зиёд аст. Хуб, фаст-фуд ба организми инсон чӣ гуна таъсир мерасонад? Он кай ва дар куҷо пайдо шудаааст?

Фаст-фуд дар нимаҳои аввали асри XX, тахминан дар солҳои 1920-1930 ба таври васеъ паҳн шуда буд. Аммо решаи пайдоиши он ба Рими қадим рафта мерасад.

Дар шаҳрҳои Рими қадим ба эҳтиёҷи хӯроквории қисми зиёди аҳолии шаҳрҳо, ки дар биноҳои серошёнаи истиқоматӣ зиндагӣ мекарданд, ба фурӯшандаҳо вобаста буд; худи бозор ҳамчун марказе хизмат мекард, ки дар он румиён маҳсулоти пухта ва гӯшти пухта харида метавонистанд. Субҳгоҳон нони дар май тар кардашударо ҳамчун хӯроки зудпаз мехӯрданд ва баъд дар попина — ҷои хӯрокхӯрии оддӣ сабзавоту қаннодӣ мепӯхтанд.

Дар асрҳои миёна, шаҳрҳои калон ва ҷойҳои саноатӣ ба монанди Лондон ва Париж бисёре аз фурӯшандагонро, ки хӯрокҳои пур аз маҳсулоти қаннодӣ, пирожниҳо, вафлиҳо, пудингҳо ва гӯшти пухтаро мефурӯхтанд, дастгирӣ мекарданд. Мисли дар Рими қадим, бисёре аз ин муассисаҳо ба онҳое, ки имкони тайёр кардани хӯроки худро надоштанд, хусусан ба хонаводаҳои танҳо хизмат мекарданд. Баръакси сокинони сарватманди шаҳр, бисёриҳо имкони харидани хонаҳои дорои ошхонаро надоштанд ва аз ин рӯ, ниёз ба ғизои фаст-фуд доштанд.

Баъдтар саноати хӯрокҳои зудпаз дар давлати ИМА ташаккул ёфт. Соли 1921 тарабхонаи аввалини хӯроки тезпази “White Castle” (Қасри сафед) «бургер»-и арзон ва гӯштдорро пешкаши истеъмолагарон кард. Маҳсулотҳои ин хӯрока ба тезӣ дар тамоми Америка паҳн шуданд.

Фаст-фуд ҳамёнбоб ва барои шахсони вақташон маҳдуд мусоидтар мебошад. Аз ин рӯ, интихоби доимии баъзеи онҳо гардидааст. Одамон бо ин усул ҳам пул, ҳам вақтро сарфа мекунанд. Лекин ин сарфакорӣ дар пул ва вақт ба саломатӣ чӣ андоза зарар меорад?

Дар дунё 56 фоизи донишҷӯён аз хӯрокҳои зудпаз тановул мекунанд. Муаллифи китоби “Fast-Food Nation” таҳқиқотчӣ Эрик Шлоссер ин ҳақиқатро таъкид карда гузаштааст.

Мувофиқи тадқиқотҳои профессорон Пуртер Келли ва Герсшофф, фоизи баҳои пасти донишҷӯ-истеъмолгарони таоми зудпаз нисбати донишҷӯёне, ки хӯроки органикӣ истеъмол мекунанд, 11 дарсад зиёд мебошад.

Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки айнан пас аз пухта хӯрдани маҳсулотҳои гӯштӣ фаъолияти ақлии инсон ҳам ривоҷ ёфта, ҳар хел ихтироъҳо кардааст. Аз рӯи тадқиқоти австралиягиҳо, хӯрокҳои зудпаз ва дар оқибати онҳо шакл ёфтани фарбеҳӣ бемориҳои хастагии майнаи сар, хусусан заиф гаштани ақлро ба миён меоранд. Инчунин доктор Ҷамшед Темуров дар саҳифаи ютубии худ бо сабаби хӯрокҳои зудпаз пайдо шудани 6 муамморо номбар кардааст.

1. Кислотаҳои равғани фаст-фуд ва холестеринҳои он муаммоҳои дилро пайдо мекунад.
2. Дар таркиби таомҳои зудпаз моддаҳои ғанӣ аз клория метавонанд вуҷуд дошта бошанд, вале аз сабаби он, ки моддаҳои фоиданок дар онҳо кам аст, ин ба фарбеҳӣ оварда мерасонад.
3. Таомҳои зудпаз муаммоҳои ҳазмшавиро ба миён меоранд.
4. Равған ва намакҳои таркиби хӯрокҳои зудпаз ба ҷигар ва гурда зарар дорад.
5. Моддаҳои сунъии таркиби хӯрокҳои зудпаз ба майна зарар мерасонад.
6. Моддаҳои таркиби хӯрокҳои зудпаз ба пайдо шудани грамича дар рӯйи инсон сабаб мешаванд.

Инчунин, истеъмоли бардавоми таомҳои зудпаз ривоҷи афсурдагиро тақвият мебахшад.

Ёқут Шакарова,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд