Ovozi.uz

Муаррифии лоиҳаҳои замонавии сайёҳӣ баргузор гардид

Дар муаррифӣ, ки иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ва масъулони дахлдор ширкат доштанд, лоиҳаи бунёди маҷмааи бузурги сайёҳӣ дар минтақа бо номи «Дар оғӯши об», яъне «Samarkand Riviera” баррасӣ шуд.

Дар доираи ин лоиҳа дар назар аст, ки кӯчаи гастрономӣ, аквапарк, акванариум, боғҳои сабз барои кӯдакон ва дигар хизматрасониҳои фароғативу сайёҳӣ шабонарӯзӣ фаъолият намоянд.

Роҳбари вилоят қайд кард, ки ба васеъ намудани намудҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ дар ин самт бояд таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад.

Илова бар ин, муаррифии кодекси тарҳи шаҳри Самарқанд низ баргузор гардид. Интизор меравад, ки лоиҳаи мазкур дар оянда ҳамчун бренди шаҳр ташаккул ёфта, ба васеъ гаштани мавҷи сайёҳӣ ва рушди маркетинги сайёҳӣ мусоидат намояд.