Дар доираи сессияи 43‑юми Сарконференсияи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор аст, сардиректори ин ташкилот Одри Азуле ба ходимони васоити ахбори оммавӣ интервю дод.
— Бо даъвати Ӯзбекистон, бори аввал дар тӯли 40 соли таърихи ЮНЕСКО, мо Сарконференсияи худро берун аз Париж, дар Самарқанд баргузор мекунем, — гуфт хонум Одри Азуле. — Ман хеле хурсандам, ки чунин марҳилаи таърихиро аз сар мегузаронем. Тамоми ҷаҳон дар ин ҷо ҷамъ омада, дар атрофи фарҳанг, таълим, илм ва иттилоот муттаҳид мешавад. Мо дар доираи ваколати ЮНЕСКО, ба муҳокимаи масъалаҳое, ки барои мардуми ҷаҳон муҳиманд, ҷамъ омадем. Ва барои мо муҳим аст, ки ин вазифаро на танҳо дар ин минтақа, балки дар Ӯзбекистон, ки дар геополитика мақоми муҳим дорад, иҷро мекунем.
Президент Шавкат Мирзиёев чорабинии ҷаҳониро ифтитоҳ карда, моро аз номи мардуми Ӯзбекистон самимона истиқбол гирифт ва таърихи ғанӣ, дониши зеҳнӣ, илмӣ ва мероси бадеии кишварашро зикр намуд. Ҳамзамон, ӯ ташаббусҳоеро пеш гузошт, ки барои ояндаи мардуми ҷаҳон муҳиманд. Аз ҷумла, ӯ аз рӯи беҳтар кардани кори мо бо технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ, инчунин дар соҳаи таълими томактабӣ, ки дар он ҳамкории наздик байни Ӯзбекистон ва ЮНЕСКО барқарор шудааст, ташаббусҳои худро баён намуд. Ва бо ин, ӯ муҳокимаи мавзӯъҳои муҳими сессияи моро бо рӯҳияи хеле мусбат оғоз кард. Мо аз ин хушҳолем, зеро ЮНЕСКО ташкилотест, ки ҳамеша ба пеш ҳаракат мекунад ва қодир аст рушди замонро пешгӯӣ кунад. Масалан, мо аз соли 2018 инҷониб дар соҳаи зеҳни сунъӣ кор мекунем ва имрӯз дар ин самт ба баъзе натиҷаҳо ноил гардидем.
Сардиректори ЮНЕСКО дар посух ба саволи он, ки чаро ӯ ин сарконференсияро таърихӣ мешуморад, чунин гуфт:
— Бале, ин як сессияи таърихӣ аст. Барои он, ки дар тӯли 40 сол бори аввал на дар Париж ва қароргоҳи ЮНЕСКО, балки бо даъвати Ӯзбекистон дар ин ҷо ҳузур доштани мо аст. Онҳо ин таваккалро ба дӯш гирифтанд, барои истиқболи ҷаҳон дар ин ҷо бисёр омодагӣ диданд ва аз ӯҳдаи ин кор баромаданд. Намояндагони кишварҳои узви ташкилоти мо, одамон аз тамоми ҷаҳон ба Самарқанд омаданд, то чизҳоеро, ки мо бояд дар робита ба мероси фарҳангӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи об, таълим ва зеҳни сунъӣ анҷом диҳем, муҳокима кунанд.
Ман бояд бигӯям, ки ин сессия, инчунин роҳбари нави ташкилоти моро тасдиқ мекунад. Хусусан, барои ман муҳим аст, ки охирин Сарконференсияи ман ҳамчун сардиректор дар Самарқанд, дар фазои дӯстии наздик ва муносибатҳои аъло байни ЮНЕСКО ва Ӯзбекистон баргузор мешавад. Ман баргузории ин Сарконференсияи ЮНЕСКО-ро дар Самарқанд, ки на танҳо имрӯз, балки асрҳо муҳим буд, таърихӣ мешуморам.
