Ҷавондухтар назди падар омада гуфт:
– Падарҷон, аз ҳаёти вазнин, душвориҳо ва муаммоҳо монда шудам, гӯё ҳамеша ба муқобили ҷараён шино мекунам. Дигар қуввае надорам… Чӣ кор кунам?
Падар ба ҷойи ҷавоб се дегчаи якхелаи обдоштаро болои оташ гузошта, ба яке сабзӣ, ба дигаре тухми хоми мурғ ва дар саввумӣ донаҳои қаҳва андохт.
Пас аз чанде сабзӣ ва тухмро аз дегчаҳо гирифта, ба финҷом қаҳва — оби дегчаи саввумро рехт.
– Чӣ ҳодиса рӯй дод? – пурсид аз духтараш.
– Сабзӣ ва тухм пухтанд, донаҳои қаҳва бо об омехта шуданд, – ҷавоб дод вай.
– Ин тавр не, духтарам, ин танҳо назари рӯякӣ ба чизҳо аст. Нигоҳ кун, сабзӣ ба оби гарм даромада, мулоим шуд. Тухми нозуку моеъ сахт шуд. Зоҳиран онҳо дигар нашуданд. Онҳо дар зери таъсири шароити номусоиди ҷӯшиши об сохти худро дигар карданд. Ба ҳамин монанд, одамоне, ки зоҳиран қавӣ ҳастанд, метавонанд пароканда шаванд. Нозук ва нарм танҳо сахту қавӣ мешаванд…
– Қаҳва чӣ? – пурсид духтараш.
– Эй! Ин чизи дигари аҷоиб аст! Донаҳои қаҳва дар муҳити пурзиддияти нав пурра ҳал шуда, оби ҷӯшонро ба нӯшокии хушбӯй табдил доданд. Шахсони ҷудогонае ҳастанд, ки бо таъсири муҳит тағйир намеёбанд ва аз шароит дониш андӯхтаву фоида бурда, худашон вазъиятро дигаргун месозанд ва ба чизи наву зебо табдил меёбанд.
