Ovozi.uz

Новеллаи беном

Шандор БОГДАНФИ

Шумо, бо эҳтимоли зиёд, Хукичро намешиносед. Вале ман ӯро сӣ сол боз мешиносам. Дар бачагӣ мо дар як синф таҳсил гирифта будем, сипас дар вақти истило дар як гестапо нишастем. Ҳоло дар ин замони осудагӣ ҳам мо бо ӯ бисёр рӯбарӯ мешавем. Ӯ ҳамавақт саросема аст, доимо ким-чӣ корҳои фаврие дорад, ки хотимаву охир надоранд.

Ана, ҳозир ҳам, вақте ки ман нишастааму қаҳва менӯшам, аз дари чархзанандаи тарабхона Хукич даромад. Вале наход ӯ бошад? Хамидақомат, рухсоразард, бо нигоҳи тарсида, бо рафтори ноором.

— Ба ту чӣ шуд, дӯстам?

— Бемор шудаам, — гуфт ӯ ва худро ба курсии рӯбарӯи ман афканд.

Ман зуд барои ӯ як чойи майдор ва ду майи бечой фармоиш додам.

Миёни мо ва дар даруни мо гармӣ пайдо шуд. Хукич ҳанӯз рангпарида буд, вале чашмонаш равшан шуданд.

— Хуб, ба ту чӣ шуд?

Хукич аввал ба гирду атроф шубҳанок назар карду сипас гӯё ба ман асрори даҳшатнокеро мегуфта бошад, пичиррос зад:

— Девонагии таъқибкунанда.

— Ин ягон чизи бад аст? — пурсидам ман.

— Не, албатта! Ин танҳо дар тасаввури ман рӯй медиҳад. Ба назари ман, гӯё ман ба иҳотаи душманон афтодаам ва ҳама бар зидди ман мебошанд.

— Ҳатто ман ҳам? Магар ман ҳам бар зидди ту ҳастам?

— Ҷои гап нест! — сухани маро бурид. — Ту фариштаӣ. Умуман гирем, ҳама фаришта ҳастанд. Вале ман дар хаёлоти беморонаи худ, ҳамаро бад тасаввур мекунам. Хай, бемор шудаам, чӣ кор ҳам карда метавонам!

— Хуб, антибиотикҳо қабул кун. Пенитсиллин, битсиллин…

— Аллакай қабул кардаам.

— Натиҷа?

— Дарди гулӯям рафъ шуд, вале ин боқӣ монд. Ман девонаам! Ё, аниқтараш, асабҳои носолим дорам. Ҳарчанд не, девонаи ҳақиқӣ!

— Дод нагӯ, — ҳаракат кардам, ки ӯро ором кунам. — Аз мизҳои дигар аллакай ба мо нигоҳ мекунанд. Илтимос, худро ба даст гир. — Хукич ором шуд.

Мо боз як қадаҳии дигар май фармоиш додем. Дидам, ки дастони ӯ меларзанд. Дар рӯбарӯи ман бо чашмони пӯшида менишасту худро ғоиб тасаввур мекард.

— Гӯш кун, мӯйсафед, — девонавор якбора ба сухан даромад. — Имрӯзи ман ҳам бо он оғоз гардид, ки ман аз ҳамсари худ тарсидам.

Медонам, ки ҳамсарам фариштаи ҳақиқӣ аст, вале ҳамин субҳ ба назари ман чунин намуд, ки гӯё ӯ мехоҳад ба пушти ман ханҷар занад.

Магар ин тарснок нест? Мо якдигарро дӯст медорем ва паҳлӯ ба паҳлӯи ҳамдигар зиндагӣ мекунем, вале ногоҳ… Аз хона гурехта баромадаму қад-қади роҳ худро сарзаниш кардам, ки чӣ тавр тавонистам дар бораи ҳамсари дӯстдоштаи худ ин гуна хаёл кунам. Оҳ, ман девонаам!

— Ором шав, лутфан. Ман боварӣ дорам, ки ин табобатшаванда аст. Агар ту аз бемории худ ин қадар хуб огоҳ бошӣ…

— Ҳа, ман ҳамаашро хуб мефаҳмам. Аммо, тасаввур кун, вақте ки имрӯз ба ҷои кор рафтам, роҳбари ман, одами бениҳоят олиҷаноб, маро бо табассум истиқбол гирифта, бо ман вохӯрдӣ кард. Дар ман бошад, ба ҷои ҷавоб боз ҳамон ҳисси фаҳмонданашаванда пайдо шуд, ки гӯё ӯ, роҳбари ман мехоҳад ба пушти ман корд занад. Ман бо ӯ даҳ сол инҷониб кор мекунам ва ба ту аз ӯ кафолат медиҳам. Вай одами хуб аст. Магар фикри аз қафои ман ханҷар задани ӯ бемаънӣ нест? Ба ту итминон медиҳам, ки ман сахт бемор шудаам.

— Бале, — розӣ шудам ман. — Вале ту ноумед нашав. Ҳоло инро табобат мекунанд. Бемӯйӣ воқеан қариб табобатнашаванда аст. Ин девонагии ту чизе нест.

— Чизе нест? — хавотир шуд Хукич. — Ту медонӣ пас чӣ шуд? Сипас, ба хонаи дӯсти беҳтаринам рафтам, то каме оромӣ ёбам. Ман ба назди ӯ шитофтам, мисли мӯъмине ба нишона ва сабукии бузург эҳсос кардам. Медонӣ, ӯ танҳо меҳрубонӣ ва ғамхорӣ мекунад. Ба ман оромӣ баргашт. Ва ногаҳон боз маро фаро гирифт…

— Чӣ фаро гирифт?

— Ҳамон! Дар як лаҳза, намедонам барои чӣ, маро эҳсосе фаро гирифт, ки ин дӯсти беҳтарини ман мехоҳад ба пушти ман ханҷар занад.

— Ин имкон надорад!

— Медонам, ки имкон надорад, вале ман ҳамин тавр тасаввур мекунам. Чӣ кор карда метавонам?

Ман ба чашмони ӯ назар кардам:

— Маро гӯш кун, Хукич! Худро ба даст гир! Фикр кун! Ту мехоҳӣ, ки ҳамаашро пурра фаҳмӣ?

— Мехоҳам!

— Ин се — ҳамсар, роҳбар ва дӯст туро дӯст медоранд, ҳамин тавр?

— Бале, дӯст медоранд.

— Ин се туро эҳтиром мекунанд?

— Бале, эҳтиром мекунанд.

— Онҳо ба ту танҳо хубиро таманно мекунанд, ҳамин тавр нест?

— Ҳамин тавр, онҳо ба ман танҳо хубиро мехоҳанд!

Ман пирӯзвор ба чашмони Хукич назар кардам. Равондармонӣ ба чашмҳо таъсир карда буд. Хукичро шинохта намешуд: дар чеҳрааш табассум пайдо шуд, чашмонаш аз бахт барқ мепошиданд, дар рухсораҳояш сурхӣ бозӣ мекард. Ӯ хандид. Мо боз май нӯшидему суҳбат кардем. Саранҷом Хукич бархост ва гуфт:

— Ин бахти ман аст, ки туро рӯбарӯ ва ба туфайли ту аз ин девонагӣ халос шудам. Ташаккур ба ту! Акнун вақти зудтар рафтани ман аст. Сипос, дӯстам! Хайр!

Вай дасти маро бисёр фишурд ва мо ҳатто вақти хайрухуш аз лиқои ҳамдигар бӯсидем. Хукич хушҳолона ба сӯи дар равона шуд. Ман бо хушнудӣ ӯро бо нигоҳҳоям гусел кардам. Ва ногоҳ дидам, ки дар пушти ӯ се ханҷар зада шудааст.

Тарҷумаи Ҳасан СУЛАЙМОНӢ