Ovozi.uz

Ба бунёди ҷангал ниҳолҳои хуб заруранд

Барои саломативу дарозумрии аҳолӣ, беҳтар гаштани иқлим ва муҳити атроф мавқеи маконҳои сабз ва ҷангал бениҳоят калон аст.

Дар қарори Презинти мамлакатамон аз 6‑уми октябри соли 2020 «Дар бораи тасдиқи консепсияи рушди системаи хоҷагии ҷангал дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030» роҷеъ ба ҳифз, афзоиш, истифодаи оқилонаи фонди ҷангал, мустаҳкамсозии базаи моддию техникии он, васеъ ҷорӣ намудани механизмҳои бозор, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳа, истифодаи самараноки дастовардҳои илмӣ тавассути тайёр кардани кадрҳо, инчунин муайян кардани самтҳои афзалиятноки ислоҳоти хоҷагии ҷангал барои давраи то соли 2030 таъкид гардидааст. Аз ҷумла, дар қарор қайд карда шудааст, ки то соли 2030 дар мамлакат расонидани масоҳати заминҳои фонди ҷангал то 14 миллион гектар (аз он 6 миллион гектари бо ҷангал фарогирифта), зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли тухмӣ то 840 тонна дар як сол, шумораи оилаҳои занбӯри асал то 300 ҳазор, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 32 ҳазор тонна ва ҳаҷми истеҳсоли растаниҳои шифобахш то 11,6 ҳазор тонна дар як сол муқаррар шудааст. Бояд гуфт, ки дар ҳудудҳои гуногуни вилоятамон ташкили 30 «Боғи ман» ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта 16 боғ ташкил карда шуд. Имсол боз 14 боғ барпо мекунанд. Ин гуна боғҳо ва дигар маконҳои сабз ба гулу ниҳол ва буттаҳои шоёни иқлим ва зебову дилрабо ниёз доранд.

Васеъгардонии масоҳати ҷангалзорҳо, пеш аз ҳама тухмии хушсифатро тақозо мекунад. Тухмии ниҳолу буттаҳои ба иқлиму шароити мо мувофиқ заруранд, ки баъди коштан фоиданоку самараовар бошанд. Бо ин мақсад лабораторияи таҳлилии тухмии хоҷагии ҷангал амал мекунад. Ин лабораторияи минтақавӣ на танҳо ба ходимони ҷангали вилояти мо, балки ба ҷангалпарварони вилояти Ҷиззах низ хизмат мерасонад. Лабораторияи таҳлилии тухмии ҷангал дар наздикии Садорати хоҷагии давлатии ҷангали вилоят, дар маҳаллаи Расадхонаи шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. Дар ин ҷо қариб 50 намуди тухмии дарахту буттагиҳо, аз қабили зардолу, биҳӣ, олуболу, бодом, писта, чормағз, шафтолу, себ, олу, саксовул, қарағай, булут, чанор, кастона, арча, сафора ва ғайраро аз таҳлил мегузаронанд. Тухмиҳоро асосан ҷангалпарварони вилояти Ҷиззах, ки 7 хоҷагии ҷангалпарварӣ доранд ва Самарқанд, ки дар тобеияти он 10 хоҷагии ҷангалпарварӣ мавҷуд аст, ҷамъоварӣ карда меоранд. Соли гузашта кормандони ҷангали вилоятҳо 79 тонна тухмӣ ҷамъ овардаанд. Барои таҳлили сифату самарадории онҳо аз ҳар намуд ба лаборатория намунаҳо пешкаш кардаанд.

— Кори мо ниҳоят мураккабу пурмасъулият аст, — гуфт мудири лабораторияи ҳудудии таҳлилии тухмии ҷангали Самарқанд Исроил Ҳамидов. — Мо ин тухмиҳоро мувофиқи сифату самаранокияшон аз санҷишҳои лабораторӣ гузаронида, ба кишти онҳо тавсия медиҳем. Шароити хоку замин ва иқлими минтақаамонро ҳам фаромӯш намекунем. Мувофиқи стандартҳо тухмиро ба синфҳо бояд ҷудо кард. Мувофиқи пешниҳоди мо, масалан агар тухмии синфи як бошад, ба як гектар 10 килограмм, дуюм бошад, бештар — 12–13 килограмм ва ба сеюм 14–16 килограмм тавсия медиҳем. Баъди коштан тухмиҳо сабзида мебароянд. Онҳоро дар ҷойи алоҳида кӯчонида, ба «тарбия» мегиранд. Дар он ҷо баъди 2–3 сол ниҳолҳо тайёр мешаванд ва ё баъди пайвандгузаронӣ мешинонанд. Муҳимаш, тухмии хубу ояндадор лозим аст. Агар ба бино пойдевори пурқувват лозим бошад, барои бунёди боғу ҷангал тухмиҳои хуб зарур мебошанд.

Б.ҶУМЪАЕВ