Ovozi.uz

Имсол об муаммо намешавад (-мӣ?)

Оё тобис­тоне, ки дар пеш аст, мисли порина бо муаммои об сипарӣ мешавад, ё масъулони соҳа аз солҳои қаблӣ сабақ гирифта, барои имсол нақшаҳо кашидаанд?

Солҳои охир масъалаҳое ба монанди таъсири тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва истифодаи захираҳои оби фаромарзӣ дар саросари ҷаҳон торафт пурдолузарб мегарданд. Бинобар ин, дар Ӯзбекистон истифодаи самараноки захираҳои об, навсозии системаҳои обёрӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст.

Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои коҳиш додани норасоии эҳтимолии об, Консепсияи рушди идоракунии об барои солҳои 2020–2030 қабул карда шуд. Стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» мақсадҳои бузургеро барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об муқаррар мекунад. Барои татбиқи мунтазами ин вазифаҳо ва таъмини ноил шудан ба нишондиҳандаҳои асосии мақсаднок, рӯзи 30-юми июли соли 2025 Кодекси нави оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 15‑уми августи ҳамон сол Барномаи рушди идоракунии захираҳои об ва бахши обёрӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2025–2028 тасдиқ шуда буд.

Мутаассифона, дар солҳои охир, бинобар кам шудани боришот дар минтақаҳои мо, сатҳи об дар обанбор, дарёҳои хурду калон ва ҷӯйборҳо коҳиш меёбад. Инро аз захираи солонаи оби ҷумҳуриамон низ, ки аз 60–64 миллиард метри мукааб то 51–53 миллиард метри мукааб коҳиш ёфтааст, дарк намудан мумкин аст.

Мувофиқи маълумоти коршиносон, норасоии об дар Ӯзбекистон то соли 2030 метавонад ба 15 миллиард метри мукааб расад, инчунин пешбинӣ мегардад, ки дар соли 2040 ҷумҳурии мо яке аз 33 мамлакати ҷаҳон шавад, ки аз норасоии об бештар азият мебинанд. Ҳанӯз дар соли 2023 ҳаҷми об дар мамлакат ба ҳар сари одам дар муқоиса бо соли 2008 ба 48 дарсад кам шуда буд.

Сабаби асосии норасоии об тағйироти иқлим мебошад. Гармшавии глобалӣ ва тағйироти шароитҳои иқлимӣ захираи пиряхҳоро, ки дарёҳои Осиёи Марказиро сероб мегардонанд, кам мекунанд. Сабаби дигар, таъсири антропогенӣ мебошад. Ифлосшавии дарёҳо, истифодаи бесамари об, шаҳришавӣ (урбанизатсия)-и аз ҳад зиёд ва тағйирот дар истифодаи замин ба кам шудани захираҳои об меорад.

Тобистони соли гузашта дар соҳаи хоҷагии қишлоқи ҷумҳуриамон, аз ҷумла хоҷагии қишлоқи вилояти Самарқанд ҳам норасоии об мушоҳида шуда буд. Бисёре аз заминҳои корам ба туфайли кам будани об кишт нагардиданд ва заминҳои киштшуда ҳам чандон ҳосили хуб надоданд.

Хуб, имсол чӣ хел мегузарад? Оё тобис­тоне, ки дар пеш аст, мисли порина бо муаммои об сипарӣ мешавад, ё масъулони соҳа аз солҳои қаблӣ сабақ гирифта, барои имсол нақшаҳо кашидаанд?

— Имрӯзҳо дар вилояти Самарқанд 10 обанбор мавҷуд аст, ки барои таъмини об ва хоҷагии қишлоқи минтақа муҳиманд, — гуфт сарвари Садорати ҳавзаи системаҳои обёрии Зарафшон Фарҳод Раҷабов. — Захираҳои оби ин обанборҳо мунтазам назорат карда мешаванд. Ҳаҷми умумии обанборҳои вилоят 1098,82 миллион метри мукааб буда, ҳоло ҳаҷми оби ҷамъшуда 867,02 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад, ки нисбат ба давраи қаблӣ 68,96 миллион метри мукааб зиёд аст. Обанбори Каттақӯрғон, ки яке аз бузургтарин обанборҳо мебошад, ҳоло 716,78 миллион метри мукааб об дорад, ки нисбат ба соли гузашта 12,55 миллион метри мукааб зиёдтар аст. Дар обанбори Оқдарё 75,05 миллион метри мукааб об ҷамъоварӣ шудааст ва афзоиш 37,86 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Истифодаи оқилона ва сарфакоронаи ин захираҳо дар пешгирии норасоии об, бахусус дар мавсими тобистон, муҳим аст. Барои ин, роҳандозии технологияҳои муосири обёрӣ ва идоракунии самараноки обанборҳо идома дорад.

Мувофиқи маълумоти Ф.Раҷабов, дар обанбори Қаротеппа 16,54 миллион метри мукааб (афзоиш 4,59 миллион метри мукааб), дар обанбори Қаросув 15,28 миллион метри мукааб (афзоиш 9,80 миллион) ва дар обанбори Тӯсинсой 30,90 миллион метри мукааб (афзоиш 1,68 миллион) захираи об мавҷуд аст.

— Ғайр аз ин, дар обанборҳои хурдтар низ тағйироти мусбат мушоҳида мегардад, — илова намуд сарвари шуъбаи Садорати ҳавзаи системаҳои обёрии Зарафшон Азамат Суюнов. — Аз ҷумла, дар Собирсой 7,32 миллион метри мукааб, дар Оқчопсой 3,41 миллион метри мукааб ва дар Амондара 0,37 миллион метри мукааб об ҷамъоварӣ шуд. Дар баъзе мавридҳо, камшавии об низ мушоҳида гардид. Масалан, ҳаҷми оби обанбори Камонгарон 1,37 миллион метри мукааб буда, нисбат ба соли гузашта 0,10 миллион метри мукааб кам шудааст.

Бино ба маълумоти мутахассисони соҳа, ҳангоми таҳлили нишондиҳандаҳои воридшавӣ ва хориҷшавии об, дар баъзе обанборҳо воридшавии об нисбат ба хориҷшавии он зиёдтар аст, ки ин ба афзоиши захираҳо хидмат мекунад. Масалан, дар обанбори Каттақӯрғон ҷараёни воридшавии об 25,20 метри мукааб/сония ва ҷараёни хориҷшавии он 10,00 метри мукааб/сония аст.

Хулоса, захираҳои об дар обанборҳои вилояти Самарқанд динамикаи устувори афзоишро нишон медиҳанд ва ин барои ташкили самараноки корҳои хоҷагии қишлоқ шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ