Ин фикр дар пресс-туре, ки филиали Маркази ҷумҳуриявии илмиву амалии эндокринологияи вилоят гузаронд, таъкид гардид.
Дар он вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ дар бораи корҳое, ки марказ амалӣ намудааст ва имкониятҳои нави он аз мутахассисони соҳа маълумот гирифтанд.
— Корҳое, ки дар соҳаи ҳифзи саломатӣ амалӣ мегарданд, назаррас аст, — гуфт сардухтури марказ Гулзода Неъматова. — Ин аст, ки имрӯз шароитҳои муассисаҳои тиббӣ беҳтар ва бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин мегарданд. Масалан, дар маркази мо дар давоми сол 571 амалиёти ҷарроҳӣ анҷом дода шуд, ки 439‑тои онҳо амалиётҳои баландтехнологӣ мебошанд. Дар вилоят 15 усули нави ташхис ва 6 усули табобат роҳандозӣ гардиданд. Ҳоло дар ноҳияҳо низ имкони саривақт муайян кардани беморӣ мавҷуд аст.
Ғайр аз ин, дар марказ лабараторияи замонавӣ ташкил гардида, дар он 126 намуди таҳлил, бо мақсади ошкор ва ташхиси муқоисавии бемориҳои сипаршакл ба роҳ монда шудаанд.
Барои беморони гирифтори фарбеҳӣ дар асоси таҳлили биоимпеданс барномаҳои инфродии солимгардонӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар давоми сол барои 145 нафар бемор нақшаи солимгардонӣ тартиб дода шуд ва онҳо ҳоло зери назорат қарор доранд.
— Бояд гуфт, ки солҳои охир бемории диабети қанд «ҷавон» мешавад, — афзуд Г.Неъматова. — Агар пештар дар вилоят дар як сол 10–15 нафар кӯдак гирифтори бемории диабети қанд шуда бошад, ҳоло ҳар моҳ ҳамин қадар кӯдак ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Яке аз сабабҳои асосии ин зиёд шудани вазни бадан аст. Тадқиқотҳо нишон медиҳад, ки дар кӯдакони шаҳр вазни зиёдатӣ бештар мушоҳида мегардад. Албатта тарс, омилҳои ирсӣ, стресс ва дигар ҳолатҳои рӯҳӣ низ метавонад бемориро ба вуҷуд оранд, вале ҳамаи ин омилҳоро назорат кардан мумкин аст. Хусусан, фаъолияти ҷисмонӣ дар ин самт яке аз усулҳои беҳтарин ба шумор меравад. Бо мақсади пешгирии беморӣ ба скрининг эътибори махсус медиҳем. Худи ҳамин сол беш аз 1,1 миллион нафар аҳолиро аз санҷиши скринингӣ гузаронидем. Дар ҷараёни ин санҷишҳо дар 539 ҳазору 367 нафар миқдори қанди хун чен карда шуд, ки ин 48,5 фоизи аҳолии синнашон аз 40 болоро ташкил медиҳад. Дар байни онҳо 5526 нафар ҳолати пешаздиабетӣ, 41 242 нафар вазни зиёдатӣ ва 6190 нафар бемории диабети қанд доранд. Ба ҳамаи онҳо тавсияҳои зарурӣ дода шуданд.
Дар давоми пресс-тур як гурӯҳ журналистон аз санҷишҳои тиббӣ гузаштанд.
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА
