Бо иштироки масъулони мактабҳои таълими миёнаи Самарқанд бахшида ба баланд бардоштани рӯҳияи духтарон, пешгирии издивоҷҳои бармаҳал ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни духтарони донишҷӯ ҷамъомад барпо гашт.
Дар он корҳое, ки дар ин самт анҷом дода мешаванд, таҳлил гардида, муаммоҳо баррасӣ гардид. Барои бартарафсозии он чораву тадбирҳои амиқ муайян шуданд.
Дар чорабинӣ ҷонишини ҳокими шаҳр, мудири шуъбаи оила ва занону духтарон Раъно Тошниёзова, мудири шӯъбаи шаҳрии Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат Н. Садинова ва нозир-психологи органҳои корҳои дохилӣ иштирок намуда, оид ба масъалаҳои муҳими соҳа тавсияҳои амалӣ доданд.
Дар охир вазифаҳо барои пурзӯр кардани корҳои мунтазами пешгирикунанда дар муассисаҳои таълимӣ ва таваҷҷӯҳи махсус ба тарбияи маънавӣ ва ахлоқии духтарон муайян карда шуд.
