Ovozi.uz

Дар Самарқанд ғолибони зинаи вилоятии озмуни «Турон» муайян шуданд

Дар театри мусиқӣ-драмавии вилоят зинаи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Театри мактабии Турон” баргузор гардид.

Дар он 16 ҷамоа, ки дар марҳилаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ғолиб гардида буданд, аз рӯйи ду шарт бо ҳам қувва озмуданд. Дар оғози озмун иҷрокунандаи вазифаи сардори Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Рустам Юлдошев ва директори Маркази «Келажак»-и вилоят Зебинисо Шодиева суханронӣ намуда, ба иштирокчиён муваффақият хостанд. Мувофиқи низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Театри мактабии Турон», иштирокчиён аз рӯйи муаррифии муассисаи таълимии худ ва инчунин намоиши барномаҳои саҳнавии бадеӣ дар мавзуи «Театр — ибратгоҳ» байни ҳам рақобат намуданд.

Баромадҳоро арбобони соҳаи театр ва кино, ҳунармандони хизматнишондодаи Ӯзбекистон — Баҳодир Нишонов, Шоҳида Исмоилова ва актёр Барот Ҳасанов ҳакамӣ карданд. Мувофиқи натиҷаҳои озмун:ҷойи 1-ум ба ҷамоаи “Турон”-и мактаби миёнаи рақами 80-и шаҳри Самарқанд,ҷойи 2-юм ба ҷамоаи “Ситораҳои Турон”-и мактаби рақами 26-и ноҳияи Тайлоқ, ҷойи 3-юм ба ҷамоаи “Турони Бузург”-и мактаби рақами 17-и шаҳри Каттақӯрғон насиб гардид.

Ба ғолибон, ҷоизадорон ва ташкилкунандагон диплом, ташаккурнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.