Ovozi.uz

Талқини худшиносии рӯҳонӣ ва гузаро будани умр дар ашъори Лоиқ

Ба 85-солагии Лоиқ Шералӣ

Лоиқ Шералӣ яке аз барҷастатарин намояндагони адабиёти муосир, қариб дар ҳамаи мавзӯъҳо табъи худро санҷида ва аксаран то андозае аз дигарон сабқат ёфтааст. Ин ҷост, ки ашъори ӯро пиру ҷавон, зану мард, олиму омӣ, муллову майхора ҳамагӣ мехонанд ва дӯст медоранд.
Аз шеърҳои ӯ калонсолон ҷавонии худро меҷӯянд, ҷавонон қадри ҷавонии худро дарк мекунанд, ошиқон онҳоро ба шиори муҳаббати худ табдил медиҳанд, олимони диниву дунявӣ рози ҳастиро мекобанд ва ҳар кас набошад, хоҳ одами зиёӣ бошад, хоҳ аз мардуми одӣ, ба воситаи шеърҳои Лоиқ ҳаёти худро гӯё дар оина мебинад.
Устод Лоиқ шоири одӣ набуд, файласуф ҳам буд. мантиқи зиндагиро хуб дарк мекард. На танҳо худшиносии миллии ӯ, балки худшиносии рӯҳонияш ҳам баланд буд. Аз ин рӯ, бобати хештаншиносиву Худошиносӣ, бархе номи ӯро дар қатори номҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдулқодири Бедил ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мегузоранд.
Мисолан, мисраҳои зерини устод:
Зи сад анҷом як оғоз беҳтар,
Зи сад хомӯшӣ як овоз беҳтар.
Худоро мешиносӣ, ҳамдулиллоҳ,
Агар худро шиносӣ, боз беҳтар!

ба мисраҳои Аллома Иқбол:
Аз ҳама кас канора гир, суҳбати ошно талаб!
Ҳам зи Худо худӣ талаб, ҳам зи худӣ Худо талаб!

қаробати мафкуравӣ доранд. Зеро ҳар ду шоир ҳам инсонро ба шинохти аслияти рӯҳонии худ ва Худо тарғиб намуда, тазаккур медиҳанд, ки ин ду бо ҳам вобастаанд. Яъне, ҳар кас, ки худро пайдо намуд, Худоро пайдо менамояд, ҳар ки Худоро пайдо кард, худро хоҳад ёфт.
Ғайр аз ин, мусаллам аст, ки Лоиқ Шералӣ низ чун Мавлоно дар баъзе шеърҳояш аз мафҳумҳои «мани аслӣ» ва «мани зеҳнӣ» истифода намудааст. Мисолан, шоир дар дубайтии зер аз Худо мепурсад, ки ӯро аз мани худаш, ки «мани зеҳнӣ» дар назар аст, нигоҳ дорад. Чунки «мани зеҳнӣ» инсонро побанди худ нигоҳ медорад ва агар ӯ аз ин «ман» раҳо шуда, ба «мани аслӣ» нарасад, барояш хатари бузургтарин ба шумор меравад:
Намегӯям маро дур аз гунаҳ дор
Ва ё дасти маро дур аз қадаҳ дор.
Маро аз душманон боке набошад,
Худовандо, маро аз ман нигаҳ дор.

Воқеан, вақте ки абёти Лоиқ Шералӣ, хосатан, рубоиёташро варақ мегардонем, тасдиқи фикрҳои болоро пайдо хоҳем кард. Устод Лоиқ, хусусан, маром ва ҳақиқати зиндагиро бисёр содаву одӣ баён кардааст, ки услуб ба замми осонфаҳм будан, хеле таъсиргузор ҳам ҳаст.
Дар рубоие зудгузаро будани умр ва бақо надоштани оламро чунин ба риштаи назм кашидааст:
То чашм задем, офтоб омаду рафт,
Як рӯзи ҳаёт мисли хоб омаду рафт.
Шогирд ба дарси устодаш, гӯё
Бе дафтару хомаю китоб омаду рафт.

Ва ҷои дигар мефармояд:
Бас рӯз гузашту рӯзгорам бигузашт,
Бас шом гузашту қадри ёрам бигузашт.
Гуфтам, ки дилам ҳаме ҷавон хоҳад буд,
То мижа ба ҳам задам, баҳорам бигузашт.

Аз ин ва баъзе рубоиҳои дигари устод Лоиқ як ҷиҳат равшану возеҳ намоён мешавад, ки устод дар ҳар сонияи умри худ огоҳу ҳушёр буд ва гузаштани ҳар як дақиқаи умр ва ба фано наздик шудани хешро эҳсос мекард. Ва гоҳо аз ин ба даҳшат меомаду фарёд мекашид:
Фарёд, қариб ними умрам рафтаст,
Айёми ҷавонию ғурурам рафтаст.
Шуд чоштгаҳу ғуруб дорад дар пай,
Хуршеди сабоҳи носабурам рафтаст.

Шоир борҳо зудгузаро будани умрро таъкид намуда, дар рубоии зер ҳолатеро баён мекунад, ки дар назари шоир аз ин ҳам ташвишовартар аст:
З-ин дашти дароз корвон мегузарад,
Бар дӯш ҳама суду зиён мегузарад.
Ҳарчанд ҳама аз ин ҷаҳон мегузарад,
Бадбахт касе, ки бенишон мегузарад.

Яъне, ҳама ҳам як рӯз ин ҷаҳонро падруд мегӯянд ва инро дуруст бояд қабул кард, вале бе нишоне, ки аз номи неку амалҳои неки инсон иборат аст, аз олам гузаштан боиси таассуф мебошад.
Устод Лоиқ ҳамин ақидаро дар рубоии дигар тақвият бахшида, таъкид мекунад, ки дар рӯи замин беҳуда набояд гашт ва умрро талаф кард. Ҳар қадаме, ки мегузорем, набояд барои қадамшуморӣ, балки барои амали хайре гузошта шавад:
Ҳайф аст, агар умр шикоре бошад,
Озод зи дарду доғу оре бошад.
Дар пайраҳаи ҳаёт по мондани мо,
Айб аст, агар қадамшуморӣ бошад.

Хулоса, аз ашъори Лоиқ Шералӣ на танҳо ғояҳои иҷтимоиву дунявӣ, балки ирфонию фалсафиро ҳам метавон фаровон пайдо намуд, ки хонандаро ба андеша, ҳушёрӣ, хештаншиносии рӯҳонӣ ва қадршиносиву шукргузории умр водор месозанд.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ