Ovozi.uz

Дар финали Ҷоми ҷаҳон Испания фаворит аст — «Opta»

Портали таҳлилӣ пеш аз финали Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2026 пешгӯии худро нашр кард.

Тибқи ҳисобҳои портали Opta, тими миллии Испания дар бозии финалӣ муқобили Аргентина даъвогари асосӣ ба ҳисоб меравад ва ба арзёбии он, эҳтимоли пирӯзии Испания дар финал 56,31 фоиз аст. Дар ҳамин ҳол, имкони чемпион шудани Аргентина 43,69 фоиз арзёбӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Испания дар бозии ниманиҳоӣ бо ҳисоби 2:0 тими Фаронсаро мағлуб карда, ба финал роҳ ёфт. Аргентина бошад, дар ниманиҳоӣ Англияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, соҳиби роҳхати финал гардид.

Вохӯрии Испания — Аргентина имрӯз, 19-уми июл, соати 23:59 бо вақти Тошканд оғоз мешавад.