Ин баландтарин нишондиҳандаи фавт дар кишвар аз соли 1992 мебошад.
Дар Германия бар асари ҳавои бисёр гарм тақрибан 14 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин ҳадди ақал аз соли 1992 ба ин сӯ баландтарин нишондиҳанда ба ҳисоб меравад. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи Роберт Кох хабар медиҳад.
Маълумоти пешниҳодшуда давраи аз аввали сол то 9 август-ро дар бар мегирад. Шумораи умумии фавтидагон бар асари гармии шадид тақрибан 14 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.
«Ин баландтарин нишондиҳанда аз соли 1992 ба инҷониб мебошад. Ба арзёбии эпидемиологҳо, соли 1994 бар асари гармӣ 10,1 ҳазор нафар ва соли 2018 8,7 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд», — гуфта мешавад дар хабар.
Қисми зиёди фавтидагонро шахсони аз 75-сола боло ташкил медиҳанд — 10,3 ҳазор нафар.
Пажӯҳишгоҳ ду давраи гармии ғайримуқаррариро ҷудо кардааст. Давраи аввал ба охири моҳи июн, давраи дуюм ба охири моҳи июл ва аввали моҳи август рост омадааст.
Шумораи бештари қурбониён — 9,6 ҳазор нафар — дар давраи 22 то 28-уми июн ба қайд гирифта шудааст.
