Илова бар ин, барои онҳо маҳдудият ва ҷарима низ пешбинӣ мешавад.
Эрон гуфтааст, ки киштиҳое, ки ҳангоми гузаштан аз гулӯгоҳи Ҳурмуз қоидаҳоро вайрон мекунанд, метавонанд ҷарима, боздошт ё мусодира шаванд.
Ба соҳибони киштиҳое, ки тавассути Халиҷи Форс бор мекашонанд, тавсия шудааст, ки бо рӯйхати қоидавайронкунандагон шинос шаванд, то ба мушкил дучор нашаванд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки киштиҳое, ки бо қоидавайронкунандагони дар рӯйхатбуда ҳамкорӣ мекунанд, низ метавонанд ба ин рӯйхат ворид карда шаванд.
Агар соҳибони киштиҳо хоҳанд номи киштиашон аз рӯйхат хориҷ шавад, бояд ба мақомоти дахлдори Эрон муроҷиат карда, сабаби қоидавайронкуниро шарҳ диҳанд.
