Рӯзҳои 12–13-уми сентябр дар шаҳри Самарқанд мусобиқаи байналмилалии триатлон “Challenge Samarkand-2026” баргузор мегардад.Дар ин мусобиқа 1450 варзишгар аз 40 кишвар иштирок хоҳанд кард.
Чорабинӣ бо ташаббуси Федератсияи триатлони Ӯзбекистон, Вазорати варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, ҳокимияти вилояти Самарқанд ва дигар ҳамкорон гузаронида хоҳад шуд.
Имрӯз бо иштироки аъзои кумитаи тайёрӣ ва триатлончиёни маъруфи ҷаҳон анҷумани матбуотӣ доир гардид.
Дар он варзишгароне чун Николе Ван дер Каай, Сэм Лайдлоу, Сара Перес Сала, Дейси Дейвис, Эмил Холм ва намояндаи Ӯзбекистон Комрон Хоҷаев иштирок карданд.
— Ҳимояи шарафи кишварамон дар чунин мусобиқаи бонуфуз барои ман ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бузург аст, — гуфт ӯ. — Барои иштирок дар қувваозмоиҳо омодагии ҷиддӣ дидаем ва барои ба даст овардани натиҷаи баланд талош хоҳем кард.
Дар доираи мусобиқаҳо давидан масофаҳои миёна ва спринт, инчунин давидан байни занҳо ва кӯдакон баргузор мешаванд.
Барои иштирокдорон барномаҳои фароғатӣ ва намоишгоҳҳои гуногун низ ташкил карда мешаванд.
Дар баҳсҳои асосии турнир варзишгарон дар оббозӣ ба 1,9 километр масофаи миёна, пойгаи дучархаронӣ ба 88 километр ва давидан ба 21,5 километр маҳорати худро нишон медиҳад.
Дар самти спринт бошад, шиноварӣ ба 750 метр, дучархаронӣ ба 19 километр ва давидан ба 5 километр гузаронида мешаванд.
