Ovozi.uz

Ислоҳот дар сохтори нафақа

Лоиҳаи қонун

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи васеъмиқёси ислоҳоти сохтори нафақа таҳия карда шуд.

Дар ҳуҷҷат зина ба зина баланд бардоштани синни нафақа, зиёд намудани собиқаи камтарин (минимал)-и меҳнатӣ, тағйири тартиби ҳисоби нафақа ва бозсозии ҷиддии системаи ҷамъшаванда пешбинӣ шудааст.

Лоиҳа ба баррасии ҷамоатӣ гузошта шуд.

Мувофиқи лоиҳаи қонун, аз соли 2028 ҳар сол ба се моҳ зиёд намудани синни нафақа ва дар оғози соли 2039 то ба 63 сол барои мардон ва 58 сол барои занон расонидани он пешбинӣ мешавад. Барои таъин кардани нафақа пайваста зиёд намудани собиқаи меҳнатии камтарин аз 7 соли имрӯза то 15 сол дар оғози соли 2034 ба нақша гирифта мешавад.

Инчунин, тартиби ҳисоби пардохт низ тағйир меёбад: оҳиста-­оҳиста аз панҷ то ба бист сол зиёд намудани маоши даври меҳнат, ки ҳангоми таъини нафақа ба ҳисоб гирифта мешавад, пешниҳод гардидааст.

Ҳангоми ин 10 дарсади даври даромади аз ҳама кам ба ҳисоби даромади миёна дохил карда намешавад. Қисми алоҳидаи ислоҳот ба нафақаи ҷамъшаванда дахл дорад. Пешбинӣ мешавад, ки аз соли 2027 сохтор аз «Бонки халқӣ» ба Бунёди нафақа гузаронда шавад. Мехоҳанд ба шаҳрвандон барои иштирок дар интихоби дастгоҳҳои молиявӣ барои гузоштани пасандоз имконият диҳанд, инчунин даромади инвеститсионии гирифта ба ҳисобсурати онҳо гузошта мешавад.

Аз соли 2030 рухсат дода мешавад, ки маблағҳои ҷамъшавандаро барои табобати бемориҳои вазнин ва пардохти ибтидоӣ аз рӯи ипотека истифода баранд.

Дар лоиҳа, инчунин ташкили Бунёдҳои нафақаи хусусӣ ва корпоративӣ, механизмҳои нави дастгирии пасандозҳои ихтиёрии нафақа ва кафолати иловагии иҷтимоӣ барои шаҳрвандони ба синни нафақа наздик пешбинӣ гардидааст.

Ҳуҷҷат ҳоло дар даври баррасии лоиҳаи қонун аст. Пешниҳод ва мулоҳизаҳо то 30‑юми сентябри соли 2026 дар портали баррасии лоиҳаҳои актҳои меъёрӣ-­ҳуқуқӣ пас аз идентификатсия, истифодабаранда қабул карда мешавад.

regulation.adliya.uz.