Дар Лондон маросими додани мукофоти футболбозони беҳтарини сол баргузор гардид. Ҳамлагари «Бавария» Ҳарри Кейн рақобатчиёни худ чун Килиан Мбаппе ва Ламин Ямалро дар пас гузашта,бори аввал дар фаъолияти худ «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст овард.
Дар театри «Palladium»-и пойтахти Англия, шаҳри Лондон, маросими супоридани ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ-2026» ташкил карда шуд. Дар он ҳамлагари бошгоҳи «Бавария» ва мунтахаби миллии Англия Ҳарри Кейн беҳтарин футболбози сол дониста шуд.
Барои ҳамлагари 33-сола мавсими гузашта яке аз давраҳои муваффақтарини фаъолияташ ба шумор меравад. Ӯ бо ҳамроҳии «Бавария» дар Бундеслигаи Олмон, Ҷом ва Сӯперҷоми ин кишвар ғолиб омад. Инчунин, дар ҳайати мунтахаби миллии Англия ба медалҳои биринҷии чемпионати ҷаҳон сазовор гардид.
Кейн дар баробари дастовардҳои дастаҷамъӣ, бо нишондиҳандаҳои инфиродии худ низ фарқ кард. Ҳамлагари англис дар давоми мавсим 73 гол зада, беҳтарин тӯбзан шуд. Натиҷаҳои баланди ӯ дар мубориза барои «Тӯби тиллоӣ» яке аз омилҳои муҳим гардиданд.
Ба танаффуси 25-сола хотима дода шуд
Ғалабаи Ҳарри Кейн барои футболи Англия низ аҳамияти таърихӣ дорад. Ӯ аввалин футболбози англис шуд, ки аз соли 2001 инҷониб соҳиби «Тӯби тиллоӣ» гардидааст.
Қаблан аз намояндагони Англия Майкл Оуэн дар соли 2001 ба ин ҷоиза сазовор шуда буд. Баъд аз 25 сол Кейн ин муваффақиятро такрор кард.
Ҳамин тариқ, ҳамлагари «Бавария» натанҳо бонуфузтарин ҷоизаи инфиродии фаъолияти худро ба даст овард, балки дар таърихи футболи Англия низ изи махсус гузошт.
Мбаппе дар ҷойи дуюм, Ямал дар ҷойи саввум
Дар мубориза барои «Тӯби тиллоӣ» ҳамлагари «Реал» Килиан Мбаппе ҷойи дуюмро ишғол кард. Ситораи ҷавони «Барселона» Ламин Ямал бошад, сегонаи аввалро ҷамъбаст намуд.
Зинаи чорумро нимҳимоячии «Барселона» Родри ишғол кард ва Лионел Месси, ки дар ҳайати «Интер Майами» бозӣ мекунад, дар ҷойи панҷум қарор гирифт.
Ба даҳгонаи аввал чор футболбози ПСЖ — Хвича Кварацхелия, Усмон Дембеле ва Фабиан Руис, инчунин ҳамлагари «Манчестер Сити» Эрлинг Ҳоланд ва намояндаи «Бавария» Майкл Олисе низ шомил шуданд.
«Тӯби тиллоӣ-2026». 10 футболбози беҳтарин:
Ҳарри Кейн — «Бавария», Англия
Килиан Мбаппе — «Реал», Фаронса
Ламин Ямал — «Барселона», Испания
Родри — «Барселона», Испания
Лионел Месси — «Интер Майами», Аргентина
Хвича Кварацхелия — ПСЖ, Гурҷистон
Усмон Дембеле — ПСЖ, Фаронса
Эрлинг Ҳоланд — «Манчестер Сити», Норвегия
Майкл Олисе — «Бавария», Фаронса
Фабиан Руис — ПСЖ, Испания
Ҳарри Кейн соҳиби «Тӯби тиллоӣ — 2026» шуд
