Дар Ӯзбекистон хизматрасониҳои байналмилалии пардохти рақамии Apple Pay ва Google Pay ба фаъолият оғоз карданд.
Дар ин бора роҳбари Маъмурияти Президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева хабар дод.
«Бо хушнудӣ мехоҳам ба шумо як хабари хуш расонам: ниҳоят, аз имрӯз дар Ӯзбекистон хизматрасониҳои пардохтии Apple Pay ва Google Pay ба кор даромаданд», — навиштааст ӯ.
Ҷорӣ гардидани ин хизматрасониҳо қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии Ӯзбекистон ба низоми байналмилалии пардохтҳои рақамӣ ба шумор меравад.
Қаблан Саида Мирзиёева дар мулоқот бо ноиби президенти ширкати Google Каран Бҳатия масъалаи фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ ва технологӣ барои истифодаи низомҳои байналмилалии пардохтро баррасӣ карда буд.
Хизматрасониҳои Apple Pay ва Google Pay ба шаҳрвандон ва меҳмонони хориҷӣ имкон медиҳанд, ки тавассути смартфон пардохтҳои бидуни тамос анҷом диҳанд. Ин ба осон шудани ҳисоббаробаркуниҳои ҳаррӯза, коҳиш ёфтани ниёз ба пули нақд ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, ба роҳ мондани хизматрасониҳои байналмилалии пардохти рақамӣ имкониятҳои навро барои густариши ҳамкориҳои технологии Ӯзбекистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва рушди инфрасохтори пардохтҳои рақамӣ фароҳам меорад.
Дар Ӯзбекистон хизматрасониҳои пардохтии Apple Pay ва Google Pay ба кор даромаданд
