Ovozi.uz

Тибби замонавӣ: дар соҳа чӣ тағйир меёбад?

Соли равон дар низоми тандурустии вилоят тағйироти назаррас ба амал омад: имкониятҳои ташхис васеъ гардида, шумораи амалиётҳои ҷарроҳии баландтехнологӣ афзуд ва хидматрасониҳои рақамӣ фаъолона роҳандозӣ карда мешаванд.
То имрӯз чӣ дигаргуниҳо ба даст омадаанд, онҳо ба сифати хидматрасонии тиббӣ чӣ гуна таъсир мерасонанд ва дар пеш кадом вазифаҳо қарор доранд? Дар ин бора бо сарвари Садорати тандурустии вилоят Суҳроб Зайниев суҳбат кардем.
— Суҳроб Собирович, ба назари Шумо, кадом тағйирот дар низоми тандурустии вилоят муҳимтар ба ҳисоб меравад?
— Пеш аз он ки дар бораи тағйирот дар низоми тандурустии вилоят сухан гӯям, мехоҳам нахуст ба омилҳое ишора намоям, ки барои татбиқи ин ислоҳот замина фароҳам оварданд. 19 майи соли 2025 қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами 88 «Дар бораи чораҳои пайгиронаи идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ тавассути такмили низоми мазкур ва тамоюлҳои расонидани хидматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ» ва ҳамчунин Фармони Президент таҳти рақами 185 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба татбиқи ислоҳот дар низоми тандурустӣ» ба имзо расиданд. Маҳз ин ҳуҷҷатҳо барои ислоҳоти низоми тандурустӣ дар асоси таҷрибаи пешрафтаи хориҷӣ, баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, ташаккули низоми муосири расонидани ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ва ҷорӣ намудани тамоюлҳои нави идоракунӣ дар соҳа замина гузоштанд. Вазифаи мо танҳо зиёд кардани шумораи қабули беморон ё расмиёти тиббӣ набуд. Муҳим он аст, ки ҳар як шахс тавонад сари вақт, дар наздикии маҳалли зисти худ ёрии зарурии тиббӣ гирад, аз ташхиси босифат гузарад ва дар ҳолати зарурӣ бо табобати махсусгардонидашуда фаро гирифта шавад. Мо хуб медонем, ки зинаи асосии низоми тандурустӣ зинаи аввал, яъне хидмати амбулаториву поликлиникӣ мебошад. Аз ин рӯ, мақсадҳои асосии мо ҷорӣ намудани низоми нави расонидани ёрии аввали тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар асоси таҷрибаи пешрафтаи хориҷӣ муайян гардиданд. Самтҳои асосии фаъолият ҳамчунин ба масъалаҳои зерин равона шуданд: тавассути ташкили фаъолияти муассисаҳои ёрии аввали тиббию санитарӣ боз ҳам наздиктар намудани хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ; то 70 фоиз расонидани ҳиссаи шифокорони оилавӣ дар расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ; коҳиш додани сарбории кории кормандони тиб тавассути рақамикунонии низоми тандурустӣ ва бартараф намудани ҳуҷҷатгузории зиёдатӣ дар соҳаи тиб; баланд бардоштани қаноатмандии аҳолӣ аз ёрии аввали тиббию санитарӣ; ҷорӣ намудани низоми ҳавасмандгардонии моддии кормандони тиб дар асоси нишондиҳандаҳои калидии самаранокии фаъолият, инчунин баланд бардоштани дониш ва малакаи кормандони гурӯҳҳои тиббӣ. Агар дар бораи натиҷаҳо сухан гӯем, мехоҳам чанд рақамеро мисол оварам, ки аз тағйироти мусбат дар соҳа шаҳодат медиҳанд. Масалан, шумораи муроҷиатҳо ба шифокорони муассисаҳои амбулаториву поликлиникӣ аз 12,2 миллион то ба 23,1 миллион расидааст. Шумораи умумии ташрифҳо ба муассисаҳои тиббӣ низ аз 13,5 миллион то ба 24,1 миллион афзудааст. Ин нишондиҳандаҳо аз рушди назарраси ҳаҷми хидматрасониҳои тиббӣ ва фарогирии бештари аҳолӣ бо низоми тандурустӣ далолат медиҳанд.
— Яъне ба ёрии аввалини соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад?
— Албатта, ёрии аввалини тиббию санитарӣ пояи асосии тамоми низоми тандурустӣ ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин зина бемориҳо бояд дар марҳилаҳои аввал ошкор гардида, чораҳои пешгирикунанда андешида шаванд ва муносибати инфиродӣ ба саломатии ҳар як бемор ташаккул ёбад. Мо пайваста имкониятҳои табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои шафқатро васеъ намуда, фаъолияти поликлиника (бемористон)-ҳоро такмил медиҳем ва дастрасии аҳолиро ба хидматрасониҳои тиббӣ беҳтар мегардонем. Агар нишондиҳандаҳои беморони дар шуъбаҳои бистарии рӯзона (статсионарҳо) табобатгирифтаро муқоиса кунем, афзоиши назаррас ба назар мерасад: шумораи онҳо аз 290,9 ҳазор ба 1,43 миллион нафар расидаанд. Бистарии рӯзона имкон медиҳад, ки беморони зиёд бе зарурати шабонарӯзӣ дар беморхона мондан, табобати зарурӣ гиранд. Нишондиҳандаи дигари муҳим коҳиш ёфтани шумораи даъватҳо ба ёрии таъҷилии тиббӣ: аз 346 ҳазор ба 309,8 ҳазор мебошад. Бо вуҷуди ин, мо ин тағйиротро дар маҷмуъ бо дигар нишондиҳандаҳо арзёбӣ мекунем, зеро вазифаи асосии ёрии таъҷилӣ эътибори саривақтӣ ба ҳама ҳолатҳои фавқулода мебошад.
— Яке аз нишондиҳандаҳои рушди тибби замонавӣ амалӣ намудани усулҳои баландтехнологии ҷарроҳӣ ба шумор меравад. Имкониятҳои муассисаҳои тиббии вилоят дар ин самт чӣ гуна васеъ мешаванд?
— Мо кӯшиш мекунем, ки сокинони вилоят тавонанд ёрии мураккаб ва махсусгардонидашудаи тиббиро дар маҳалли зисти худ дастрас намоянд ва барои дарёфти мутахассисон ба дигар минтақаҳо сафар накунанд. Агар дар семоҳаи сеюми соли 2025 дар муассисаҳои тиббии вилоят 15 ҳазору 249 амалиёти ҷарроҳии баландтехнологӣ анҷом ёфта бошад, пас дар ҳамин давраи соли 2026 шумораи онҳо ба 19 ҳазору 122 расид. Ин аз вусъати назарраси имкониятҳои тибби минтақавӣ дарак медиҳад. Дар маҷмуъ, шумораи амалиётҳои ҷарроҳӣ низ аз 46 ҳазору 992-то ба 48 ҳазору 150-то афзудааст. Дар паси ин нишондиҳандаҳо рушди ёрии ихтисосонидаи ҷарроҳӣ, истифодаи васеътари технологияҳои муосири тиббӣ ва зиёд шудани имкониятҳои табобати бемориҳои мураккаб, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо қарор доранд.
— Тибби замонавиро бе ташхиси дақиқ ва саривақтӣ тасаввур кардан душвор аст. Ҳар қадар беморӣ барвақт ошкор гардад, ҳамон қадар имконияти табобати самаранок бештар мешавад.
— Маҳз аз ҳамин сабаб мо ба рушди хидмати ташхисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем. Шумораи ташхисҳои баландтехнологӣ аз 247,9 ҳазор ба 273,8 ҳазор афзудааст. Ҳамзамон, истифодаи баъзе усулҳои алоҳидаи ташхис низ ба таври назаррас зиёд шудаанд. Имкониятҳои ташхиси лабораторӣ низ васеъ мегарданд. Шумораи таҳлилҳои лабораторӣ аз 8,3 миллион ба 9,49 миллион расида, номгӯйи намудҳои таҳқиқоти лабораторӣ аз 205-то ба 489 зиёд шудааст. Ин маънои онро дорад, ки муассисаҳои тиббӣ барои муоинаи ҳамаҷонибаи беморон ва дақиқ муайян кардани ташхис имкониятҳои бештар пайдо мекунанд. Ҳамчунин, мехоҳам ба ташхиси маммографӣ таваҷҷуҳ намоям. Шумораи чунин муоинаҳо аз 198,5 ҳазор ба 213,6 ҳазор расидааст. Ин яке аз самтҳои муҳими пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани бемориҳои ғадуди шир ба ҳисоб меравад.
— Яке аз самтҳои назарраси ислоҳот рақамикунонии соҳа мебошад. Вилоят дар ин самт то кадом андоза пеш рафтааст?
— Имрӯз рақамикунонӣ ба ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаррӯзаи муассисаҳои тиббӣ табдил меёбад. Мақсад аз он танҳо роҳандозии технологияҳо нест, балки пеш аз ҳама, шаффоф, фаврӣ ва барои аҳолӣ мусоид гардонидани хидматрасонии тиббӣ мебошад. Дар вилоят низоми иттилоотии DMED фаъолона амалӣ карда мешавад. Шумораи аҳолии ба ин низом вобасташуда аз 3,17 миллион ба 4,17 миллион нафар расидааст. Истифодаи роҳхат ва дорухатҳои электронӣ низ ба таври назаррас васеъ гардиданд. Шумораи роҳхатҳои шакли электронӣ қариб ду баробар ва дорухатҳои электронӣ тақрибан се баробар афзудааст. Ин имкон медиҳад, ки зина ба зина аз гардиши ҳуҷҷатҳои коғазӣ даст кашида, ба мубодилаи маълумот байни муассисаҳои тиббӣ суръат бахшида шавад ва назорати таъйини доруворӣ самараноктар гардад.
— Аммо ҳама гуна ислоҳоти соҳа бе кадрҳои тиббӣ ғайриимкон аст. Шароити кори шифокорон ва ҳамшираҳои шафқат чӣ гуна тағйир меёбанд?
— Ин яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад. Бе фароҳам овардани шароити муносиб барои онҳое, ки ҳамарӯза бо беморон сарукор доранд, талаб кардани сифати баланди хидматрасонии тиббӣ натиҷаҳои хуб намедиҳад. Қобили зикр аст, ки музди миёнаи моҳонаи табибони оилавӣ аз 5 миллион ба 15 миллион сӯм ва ҳамшираҳои тиббии оилавӣ аз 4 миллион ба 7,2 миллион сӯм афзудааст.
— Вазъи корҳо дар самти пешгирии бемориҳо чӣ гуна аст? Охир, пешгирии беморӣ аз табобати оқибатҳои он муҳимтар мебошад.
— Комилан дуруст. Ояндаи соҳаи тандурустӣ на танҳо ба рушди ёрии тиббии баландтехнологӣ, балки пеш аз ҳама, ба пешгирии бемориҳо, барвақт ошкор намудани онҳо ва ташаккули фарҳанги тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ вобаста аст. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки пешгирии бемориҳо ба яке аз самтҳои калидии фаъолияти низоми тандурустӣ табдил меёбад. Бо ин мақсад, мо пайваста кӯшиш менамоем, ки фарогирии аҳолиро бо муоинаҳои пешгирикунанда ва ташхисҳои скринингӣ васеъ намуда, корҳои ошкорсозии барвақтии бемориҳои дилу раг, саратон, эндокринӣ ва дигар бемориҳои дорои аҳамияти иҷтимоиро тақвият бахшем. Яке аз самтҳои муҳими фаъолият ҳамчунин пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад. Мо корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ низ тақвият дода, кормандони зинаи аввали соҳаи тандурустӣ ва институтҳои маҳалларо ба ин ҷараён ҷалб менамоем. Дар баробари ин, ба тарғиби ғизои солим, фаъолияти ҷисмонӣ ва даст кашидан аз одатҳои зараровар аҳамияти махсус медиҳем. Яъне, мақсади асосии мо рушди чунин низоми тандурустист, ки пеш аз ҳама, ба ҳифзи саломатии инсон, пешгирии бемориҳо ва фароҳам овардани шароити умри фаъолу дароз равона шуда бошад. Зеро, самаранокии низоми тандурустӣ на танҳо аз рӯйи шумораи беморони табобатшуда, балки ҳамчунин аз рӯйи шумораи бемориҳое муайян мегардад, ки пешгирӣ кардани онҳо муяссар шудааст.
— Агар дар бораи натиҷаҳои асосии сол сухан гӯем, сокинони вилоят пеш аз ҳама кадом тағйиротро эҳсос хоҳанд кард?
— Пеш аз ҳама, ҳар як шахс бояд эҳсос намояд, ки дастрасӣ ба ёрии тиббӣ беҳтар мегардад. Мо мехоҳем, ки бемор барои анҷом додани расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ ва пайдо кардани хидматрасонии тиббии зарурӣ вақти зиёдатӣ сарф накунад. Бо ин мақсад, низоми роҳнамоии беморон такмил дода, роҳҳои ҳалли рақамӣ роҳандозӣ ва имкониятҳои ташхисӣ васеъ мегарданд.
— Саволи охирин: истиқболҳои соҳаи тандурустии вилояти Самарқандро чӣ гуна тасаввур мекунед?
— Ман низоми тандурустиро чунин тасаввур мекунам, ки дар маркази он инсон қарор дорад. Низоме, ки дар он ёрии тиббӣ саривақт ва бо сифати баланд расонида мешавад. Мо миқёси ин вазифаро хуб дарк мекунем. Аммо имрӯз аллакай мебинем, ки тағйироти пайгирона барои пешрафти минбаъда замина фароҳам меоранд. Муҳимтар аз ҳама, мо набояд бо натиҷаҳои бадастомада қаноат кунем, баръакс ба пеш ҳаракатро идома бояд диҳем.

Суҳбаторо Замира БОЛТАЕВА