Ovozi.uz

Оё зеҳни сунъӣ забони ҳайвонотро фаҳмида метавонад?

Олимон бо ёрии зеҳни сунъӣ садои паранда, кит, делфин ва дигар ҳайвонотро таҳлил карда, қонуниятҳои муоширати онҳоро муайян мекунанд. Ин тадқиқотҳо барои фаҳмидани тарзи алоқаи ҳайвонот имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Ташкилоти «Earth Species Project»-и Америка модели «NatureLM-audio»-ро таҳия кардааст, ки барои шинохт ва гурӯҳбандии садои ҳайвонот пешбинӣ шудааст. Ҳангоми озмоиш модели мазур дар асоси сабти овози қурбоққаҳои Австралия тавонист садоҳои онҳоро аз дигар сабтҳо бо дақиқии 99 дарсад фарқ кунад. Ҳамчунин, баъзе намудҳои қурбоққаҳоро бо дақиқии 82 дарсад шинохт.

Ширкати «Google DeepMind» низ барои муайян кардани намунаҳои такроршаванда ва пайдарпайии садои делфинҳо модели «DolphinGemma»-ро офаридааст.

Ташаббуси байналмилалии «Project CETI», ки ба омӯзиши тарзи муоширати китҳо машғул аст, пайдарпайии садоҳои кашалотҳо (наҳангҳои дандондор)-ро таҳлил мекунад. Соли 2024 беш аз 8,7 ҳазор таркиби овозӣ омӯхта шуда, маълум гардид, ки онҳо дорои хусусиятҳои мураккаби ритм, суръат ва ҷойгиршавии садоҳо мебошанд.

Ин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки тарзи муоширати наҳангҳои дандондор назар ба тасаввуроти қаблӣ хеле мураккабтар аст. Бо вуҷуди ин, шинохтани садоҳо ҳанӯз маънои онҳоро фаҳмидан нест.

Ба андешаи мутахассисон, олимон бояд чунин алоқаро дар робита бо рафтори ҳайвонот ва муҳити зисти онҳо омӯзанд ва натиҷаҳои бадастомадаро тавассути таҷрибаҳо санҷанд.