Ovozi.uz

Ҳокими вилоят дар мавзеъҳо

Дар Самарқанд маҷмааи тиббии дорои 800 кат бунёд мешавад

Дар шаҳри Самарқанд дар ҷойи бинои беморхонаи пештара, ки бо номи «Хавоси» маъруф буд, муассисаи бисёрсоҳаи тиббии замонавии дорои 800 кат сохта мешавад.

Сохтмони ин лоиҳаи бузург, ки бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев амалӣ мегардад, дар ҳамкорӣ бо корпоратсияи «Sojitz Corporation»-и Япония ва ширкати «Renesans International»-и Туркия ба роҳ монда мешавад.

Ҷараёни омодагӣ ба татбиқи лоиҳа дар мулоқоти ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо сардиректори «Sojitz Corporation» Мачида Ясахиде мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба омода намудани майдони сохтмон, оғози корҳои сохтмонӣ ва ҳалли масъалаҳои ташкиливу дигар ҷанбаҳои лоиҳа табодули назар карданд.

Дар анҷоми мулоқот барои бартараф намудани муаммоҳои вуҷуддошта ва суръат бахшидани корҳо масъулон муайян гардиданд. Лоиҳа дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамчунин, дар ин ҷо бо ҷалби таҷрибаи байналмилалӣ баланд бардоштани малакаи мутахассисони соҳаи тиб ва омода намудани кадрҳо низ пешбинӣ шудааст.

Бунёди корхонаи нав ва ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ

Роҳбари вилоят бо раиси Шӯрои директорони сохтори сармоягузории «Chunfengli Capital»-и Хитой Ши Кесином, ки ба дастгирии навовариҳои ҷаҳонии технологӣ тахассус дорад, мулоқот анҷом дод. Дар он лоиҳаҳои бузурги сармоягузорие, ки ин фонд ният дорад дар Самарқанд амалӣ созад, муаррифӣ гардиданд.

Лоиҳаи аввал ба маҳаллисозии технологияҳои пешрафтаи Хитой дар соҳаи мошинсозӣ равона шудааст. Аз ҷумла, ширкати «Binzhou Binzuan Machinery» ният дорад дар вилоят корхонаи истеҳсолӣ таъсис диҳад. Ҳамчунин, пешбинӣ шудааст, ки беш аз 20 навъи таҷҳизоти пармакунӣ, ки барои пармакунии чоҳҳои об ва корҳои ҷустуҷӯҳои геологӣ истифода мешаванд, ба минтақа ворид карда шуда, низоми расонидан, ба иҷора додан ва хидматрасонии техникии онҳо ба роҳ монда шавад.

Лоиҳаи дуюм соҳаҳои кишоварзӣ ва иҷтимоиро фаро мегирад. Тибқи он, дар вилоят модели интеллектуалии парвариши занбӯруғи «Се воҳид»-и Хитой ҷорӣ карда мешавад. Ин модел имкон медиҳад, ки парвариши занбӯруғ дар тамоми фаслҳои сол бефосила ба роҳ монда шавад. Дар назар аст, ки лоиҳа ба гуногунсозии манбаъҳои даромади аҳолии деҳот, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ тавассути усулҳои саноатии истеҳсолот мусоидат намояд.

Адиз Бобоев ин ташаббусҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, таъкид кард, ки татбиқи онҳо дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мустаҳкам намудани иқтисодиёти минтақа ва баланд бардоштани сатҳи фаровонии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ба масъулон ҷиҳати ташкили корҳои омодагӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ барои тат­биқи лоиҳаҳо супоришҳои дахлдор дода шуд.

Дар канори роҳи 52‑километра минтақаҳои сабз бунёд карда мешаванд

Дар канори роҳи автомобилгарди А‑378, ки аз ҳудуди ноҳияи Нуробод мегузарад, бо мақсади татбиқи босифати лоиҳаи умумихалқии «Макони сабз» семинари омӯзишию амалӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳокими вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва ҳудудӣ, инчунин масъулони соҳа иштирок намуданд.

Зимни семинар бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар канори роҳҳои автомобилгард, бунёди минтақаҳои нави сабз ва таъмини тозагии муҳити зист ниҳолҳои гуногуни дарахтони ороишӣ шинонида шуданд.

Дар доираи ин ташаббус ба нақша гирифта шудааст, ки дар ду тарафи роҳи автомобилгарди мазкур, ки 52 километр дарозӣ дорад, ниҳолҳо шинонида шаванд.