Ovozi.uz

Мутолиаи китоб ба таълими ҳатмӣ дохил шавад…

Пешниҳод

Агар саҳв накунам, мисоле, ки дар зер меорам, ним аср пеш хеле оммавӣ шуда буд. Дар майдони мактаб то гашти рӯз тӯббозӣ мекардему назарамон ба падару модароне меафтод, ки паси ҳам аз китобхона баромада мерафтанд. Дар ин вақт аз байни онҳо инсони барои ман аз ҳама азиз — модари сумкаи аз дохилаш дафтарҳо баромада истодаро бардоштаи ман номамро гирифта даъват мекард ва мо ҳамроҳ ба хона бармегаштем.

— Ҳар дафъа як мавзӯъ, ин маърӯзаҳо ба дилам задааст, — мегуфт очаам ба модаркалонам нолида, ки моро дар назди дар пешвоз мегирифт. — Рӯзи дароз аз кор монда шуданат кам барин, боз ин ташвиш.

— Нарав, — мегуфт модаркалонам раҳмаш омада.

— Наравам намешавад. Мумкин аз райком омада санҷанд.

Дар ҳамон солҳо ҳар ҳафта чорабинии «Рӯзи ягонаи сиёсӣ»-ро мегузаронданд. Модарам ба он як рӯз пеш аз таҳти дил тайёрӣ медид. Аз он ҳарос дошт, ки азбаски омӯзгор аст, метавонистанд маҳз ба ӯ савол диҳанд. Агар худаш маърӯза мехонда бошад, чанд рӯз тайёрӣ медид. Пас аз баромад дар назди фаъолони деҳа ҳам, ду-се рӯз ба мутолиаи китоб дода мешуд. Агар ба модаркалонам ин кораш малол омада, «ин қадар ба китоб часпида гирифтӣ?» гӯяд, очаам ҳолати мазкурро бо воситаи китоб эзоҳ медод.

Акнун фикр кунам, агар иштирок ҳатмӣ набошад, ӯ ин қадар китоб намехонд ва дар он чорабиниҳо, ки дар миқёси мамлакати шӯроҳо ташкил карда мешуданд, иштирок ҳам намекардааст. Ҳоло ҳамон рӯзҳоро ба хотир оварда, аз хаёлам гузарондам, ки агар одам худашро маҷбур кунад, ё ки бо тақозои шароит ҳатмӣ бошад, метавонад ба натиҷаи маълум муяссар шавад.

Агар маҷбур набошад чӣ? Аксаш мешавад, яъне вақти ба тилло баробари аксарияти одамон сарфи машғулиятҳои бекора мешавад. Ба фикри ман, барои он ки чунин нашавад, барои ба дил сахт нарасидан гӯем, ба тарзи иҷрои вазифаи ҳатмӣ боқатъият ё ки масъулиятнок шудани одамонро ифода кардан дуруст аст. Ба сифати исботи фикрам, қариб дар ҳамаи мамлакатҳои дунё роҳандозӣ шудани сохтори таълими ҳатмиро мисол овардан мумкин аст. Бачаҳо хонда, дониш гиранд, ин аввало, барои худи онҳо, сипас барои давлат низ фоиданок мебошад. Дониш тафаккурро зиёд мекунад. Дар ҳоли набудани сарватҳои табиӣ давлати пурқудрат барпо намудани халқро дар мисоли мамлакатҳои Япония, ё ки Сингапур баръало дидан мумкин аст.

Одам барои расидан ба ягон мақсад худро маҷбур кунад, амалӣ шудани натиҷаҳои орзукардаашро аз варзишгарон, арбобони илму фан ва санъат бисёр шунидаем. Дуруст, ки дар оғоз роҳандозӣ намудани ин амалиёт душвор аст. Дар аввал ба тан, ё ки ақл додани сарборӣ машғулоти форам нест, вале бо гузашти вақт амале, ки ҳар рӯз такрор мекунед, ба рафтори доимӣ табдил ёфта, одамро ба худ одат мекунонад ва иҷрои он ба эҳтиёҷи ҳаётӣ табдил меёбад. Бачаҳо ҳам ҳамин тавр: дар аввал ба мактаб хоҳам–нахоҳам мераванд, сипас бо майли худ раҳсипор мешаванд.

Дар байни ташвишҳои рӯзона ва хоби шабона вақти маълум ҳаст, ки чӣ хел гузарондани ин соатҳо ба таври қатъӣ муайян нашудаанд. Баъзеҳо ин муддатро бо дӯстони худ баҳам мебинанд, дигарон бо истироҳат машғул мешаванд, ба боғ мераванд ё ки ба онҳо сайри шабона маъқул аст.Аммо имрӯз инсоният ба санҷиши ҷиддӣ — балои тобеъии виртуалӣ дучор шудааст. Агар одамон пештар бегоҳии рӯз ақаллан дар рӯ ба рӯи телевизор гирд омада, андаке муҳити оилавиро нигоҳ доранд, имрӯз манзара тамоман тағйир ёфтааст. Акнун ҳам калонсолон ва ҳам бачаҳо ба экрани хурдакаки телефони дар даст доштаашон «занҷирбанд». Пас аз хӯроки шом то ба чашм омадани хоб ба гирдоби варақ гардондани лентаи бемазмуни шабакаҳои иҷтимоӣ ва видеоҳои кӯтоҳ ғарқ шудан ба ҳоли одатӣ табдил ёфт. Вобастагӣ ба телефон ба ҳамин дараҷа расид, ки одамон дар як хона нишаста низ бо якдигар суҳбат намекунанд. Ин одати хавфнок, ки майнаро хаста ва тафаккурро кунд мекунад, мутаассифона, муяссар шуд, ки қисми ҷудонопазири ҳаёти мо шавад.

Ба иншои ин навиштаҳо як саволи ногаҳон додаи Баҳодур Раҳмонов сабаб шуд.

— Қаблан китобҳо кам бошанд ҳам, китобхон бисёр буд, — бо дилсӯзии хоси журналистон ҳарф зад ӯ. — Илтимос, дар бораи китоб нахондани одамон, чаро ба телефон вобаста шудани онҳо нависед…

Агар гӯем, ки одамон умуман китоб намехонанд, ноҳақӣ мешавад, чунки солҳои охир шумораи дӯконҳои китоб зиёд шуд. Ҳатто, ба роҳандозӣ шудани савдои китоб дар супермаркетҳо низ баҳои мусбӣ бояд дод. Вале барои ташаккули шавқ ба мутолиаи китоб, аз ҳама беш дар бачаҳо ва ҷавонон бояд чораҳои қатъӣ амалӣ кард. Чораро ба тарзи ҳатмӣ бояд дид. Чунки бо завқи сабук ва муваққатие, ки телефон медиҳад, танҳо бо мутолиаи китоб метавон мубориза бурд.

Китоб салоҳияти ақлии инсонро зиёд, асабашро ором мекунад, захираи луғавиашро ғанӣ ва муомилаашро зебо мегардонад. Он барои аз ғавчӯбҳои ҳаёт гузаштан ёрӣ медиҳад, ба қобилияти фикрронӣ суръат мебахшад, рагҳои майнаи сарро мустаҳкам намуда, аз бемориҳое чун алсгеймер ҳимоя мекунад. Ахбори рақамӣ, ки аз смартфон паҳн мешавад, майна ва диққатро парешон менамояд, мутолиаи китоб диққатро ҷамъ намуда, мушоҳидаи амиқро меомӯзад. Инҳо суханҳои ман нестанд. Инҳо хулосаи ҷустуҷӯҳои олимони маъруфи муассисаҳои тадқиқотии ҷаҳон мебошанд.

Агар инсоне, ки китоб мутолиа мекунад, соҳиби чунин сифатҳо мешудааст, чаро онро дар худамон намесанҷем? Агар салоҳияти ақлии мо афзояд, аз стресс (омилҳои номусоид)-и олами рақамӣ раҳоӣ ёфта, асабамон ором шавад, ба мо аз ин зиёд боз чӣ даркор? Ҳоло ҳам дер нашудааст, мутолиаи китобро сар мекунем. Агар гӯед, ки «синнамон ба як ҷо расид, акнун китоб ба мо чӣ медиҳад?», саҳв мекунед. Ҳафсалаи шумо нарасад, фарзанду набераатонро, ки телефонро аз даст намемонанд, фикр кунед. Шумо дар оянда ба даст овардани муваффақият ва бахти онҳоро мехоҳед, дуруст аст?

Дар ин ҳол ҳар рӯз пеш аз хобравӣ, ҳеҷ набошад, як соат ҳамаи телефонҳои дар хона бударо хомӯш карда, бо аъзои оила ба мутолиаи китоб вақт ҷудо кунед. Агар фарзандони синни томактабӣ ё дар синфи ибтидоӣ таълимгирандаатон бошанд, пеш аз хоб ба онҳо аз китоб мутолиа намудани афсона, ё ки ҳикояро ба одати қатъӣ табдил диҳед. Шумо ба чунин одати зебо танҳо худатон ва фарзандонатонро аз гаҷет дур карда, ба китобхонӣ маҷбур карда метавонед муяссар шавед. Мо шунидаем, ки дар мактабҳои мамлакатҳои Аврупо аз синфҳои ибтидоӣ то синфҳои болоӣ курсҳои махсуси мутолиа таълим дода мешаванд. Дунёи ғарб низ, ки «Ба бача озодӣ бояд дод, маҷбур кардан ҳуқуқи ӯро поймол мекунад» мегӯяд, барои аз доми телефон озод кардани донишомӯзон ба барномаи таълимии мактабҳо соатҳои мутолиаи ҳатмиро дохил мекунад. Ин қарори хеле дуруст аст. Чунки агар ба кӯдак методикаи мутолиаи китобро омӯзед, ӯ маданияти мутоиларо ба даст меорад ва соҳиби малакаи чӣ хел хондани китоб мешавад.