22‑юми декабр — Ҷашни шаби Ялдо
Ялдо — ҷашни қадимии мардумони ориёӣ, ки дар як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад, соли 2022 ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO ворид карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии UNESCO хабар додааст.
Дар хабарномаи UNESCO ҷашни Ялдо бозгӯи ҳувияти фарҳангӣ, дӯстӣ, меҳмоннавозӣ, гуногунии маданӣ ва ҳамзистии осоишта зикр гардида, хусусиятҳои хоси он таъкид ёфтааст.
«Шаби Ялдо ҷашнест, ки шаби охири тирамоҳ таҷлил карда мешавад. Дар ин шаб аҳли оила атрофи хони ороста дар хонаи пирон ҷамъ мешаванд. Хони онҳо аз як силсила ашё ва ғизоҳои рамзӣ, аз ҷумла чароғ барои рамзи нур, об барои покизагӣ ва меваҳои сурх аз қабили анор, тарбуз, лаблабу, ҷуворимакка ва ангур рамзи гармӣ, ороиш дода мешавад», — омадааст дар хабарнома.
Шаби Ялдо дарозтарин шаби аввали моҳи Дай, ҷашни қадимии мардумони ориёист, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ё Митра баргузор мешуд. Мувофиқи тақвими эронӣ шаби 30‑юми моҳи Озар (22‑юми декабр) рӯзи таваллуди Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин вақт сар карда, рӯзҳо дарозтар ва тобиши офтоб бештар мегардад.
Бояд гуфт, ки ҳарчанд шаби Ялдо дар кишварамон ба таври оммавӣ таҷлил намегардад, аммо аз ҷониби доираҳои мушаххаси фарҳангиён ҳамасола бо қироати шеъру қисса, бозӣ, мусиқӣ ва додани тӯҳфаҳо ҷашн гирифта мешавад.
Таърихи шаби Ялдо ба гузаштаи хеле дур рафта мерасад. Бархе бостоншиносон таърихи шаби Ялдоро ҳафт ҳазорсола медонанд. Дар бораи сабаби таҷлили Ялдо ривоятҳои гуногун вуҷуд доранд.
Шаби Ялдо
Биё, то гарм созем хонаи сарди зимистонӣ,
Зи дидори накӯвон гардад ин маҷлис чароғонӣ.
Суруду шеър мехонему ин шаб мешавад охир,
Сари хон гашта ҳар кас бо сафои хештан ҳозир.
Бидонад пиру хурде боиси ҷамъ гаштани моро,
Ки имшаб ҷашн мегирем чун ҳарсола ялдоро.
Агар ҳар кас гузаштан метавонад з-ин шабу сармо,
Ба ялдои дигар ҳам мерасонад Эзади якто.
Ба хотир оваред ин гуна ҷашни хубро ёрон,
Қадам бинҳода андар хонаи Ғоибназар ҳар он.
Толиб ЮНУСЗОДА
